Душанбе. 15-уми октябр - Ширкати давлатии Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯяд дар моҳи сентябри соли оянда эҳдоси роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон шурӯъ шуда ва манотиқи ҷануби Тоҷикистон аз тариқи ин роҳ бо маркази ин кишвар муттасил хоҳад шуд.

Ҳамчунин, тарҳи дигаре дар заминаи бунёди роҳи оҳан аз Душанбе ба водии Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи Владимир Собкалов, муъовини аввали раиси ширкат, мустанадоти фаннию иқтисодии тарҳи роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон, ки 56 километр тӯл хоҳад дошт, аз сӯйи муассисаи «Лоиҳакаш», вобаста ба ин ширкат, омода шуда ва дар назар аст пас аз як сол иҷрои ин лоиҳа оғоз шавад.

Ба эътиқоди оқои Собкалов, ин нахустин гоми мушаххас дар ҷиҳати раҳоии системи роҳи оҳани Тоҷикистон аз бунбасти иртиботӣ хоҳад буд.

Ҳоло иртиботи роҳи оҳан аз Душанбе, пойтахт, ба манотиқи ҷануб ва шимоли Тоҷикистон танҳо аз тариқи Ӯзбакистон сурат мегирад ва ҳаракати қаторҳо дар ин масирҳо бо мушкилоту мавонеъи зиёде ҳамроҳ будааст.

Ҳамчунин, Абулазиз Гулаҳмадов, як масъули ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон, хабар дод, ки ин ширкат дар садад аст аз минтақаи Қаротоғ, дар ғарби шаҳри Душанбе ба самти Саратоғ, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, дар шимоли ин кишвар, хатти роҳи оҳан бунёд кунад.

Оқои Гулаҳмадов таъкид кард, ки тӯли ин роҳ 276 километрро ташкил дода ва аз манотиқи кӯҳистонӣ мегузарад. Дар сурати баҳрабардорӣ аз ин роҳ водии Зарафшон аз бунбасти иртибототи раҳоӣ хоҳад ёфт ва бо манотиқи марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон муттасил хоҳад шуд.

Ба эътиқоди коршиносон, дар сурати баҳрабардорӣ аз роҳҳои оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон ва Қаротоғ-Саратоғ, Тоҷикистон на танҳо аз бунбасти иртиботии роҳи оҳан раҳоӣ хоҳад ёфт, балки ин амр ба тавсеъаи бахшҳои саноеъ ва кишоварзӣ дар ин манотиқ ва содаву арзон шудани нархи рафту омади сокинон мусоъидат хоҳад кард.