Душанбе. 16-уми октябр - Ҳизби демократи Точикистон (ҷиноҳи Маҳмадрӯзи Искандаров), ки давлат онро ба расмият намешиносад, аз давлати ин кишвар ба Комиссияи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.

Масъулони ин ҳизб давлати Тоҷикистонро ба мудохила дар умури аҳзоби сиёсӣ ва таъмин накардани шаффофият дар баргузории интихобот муттаҳам кардаанд. Ин ҳизб ҳамчунин ҳукми додгоҳ алайҳи худро ғайримунсифона хондааст.

Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев, муъовини раҳбари ин ҳизб, асноди зарурӣ барои шикояти ин ҳизб бо мусоъидати Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон таҳия ва рӯзи сешанбе, 14 октябр, ба СММ ироа шудааст.

Оқои Валиев афзуд, ки шикояти ин ҳизб дар пайи ҳукми ба гуфтаи ӯ ғайримунсифонаи додгоҳи истинофӣ дар мавриди ба расмият шинохтани ҳизби демократи Масъуд Собиров дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сурат мегирад.

Ҳизби демократии Тоҷикистон баъд аз маҳкумияти Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари он ба 23 соли зиндон ба иттиҳоми чанд ҷурм, аз ҷумла кӯшиши кудето, батадриҷ ба се даста тақсим шуд.

Дар ҳамин ҳол, Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар аз як сол пеш бад-ин сӯ баррасии қазияи рабуда шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҳизби демократии Тоҷикистон дар Маскав ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст.