Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - «Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба фаъолияти Бонки давлатии амноатгузории «Амонатбонк» ва дар маҷмӯъ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳеҷ таъсире нарасонид», - гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов.
Кафолати асосии вазъи босуботи бозори дохилиро номбурда дар он мебинад, ки ниҳодҳои молиявии миллии ҷумҳурӣ бо низоми молиявии кишварҳои ғарб он қадр робитаҳои зиче надоранд.
«Мо аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки рушди Осиё ва дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ, ки сохторҳои устувору боэътимод маҳсуб мешаванд, маблағҳо дастрас мекунем ва ба онҳо ин бӯҳрон ҳеҷ таъсире нарасонидааст», - идома дод ӯ.
Ба қавли раиси «Амонатбонк», бӯҳрони молиявии кунунӣ ба бонкҳое, ки қарзҳои хориҷӣ доранд, метавонад таъсири манфӣ бирасонад. Дар ҳамин ҳол ӯ таъкид сохт, ки «Амонатбонк» аз шарикони хориҷии худ қарзе надорад.
М.Маҳмадаминов афзуд, ки дар сурати коҳиш ёфтани воридшавии маблағҳо аз ҷониби мизоҷони хориҷӣ, ин омил метавонист ба бонк таъсири манфӣ бирасонад, вале «дар солҳои ахир шумори мизоҷони хориҷии мо афзуд».
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста