Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар қароргоҳи ҳукуматӣ конфронси дурӯза таҳти унвони «Идора намудани сарҳад ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Осиёи Марказ ӣ» ба кор шурӯъ мекунад.  

            Конфронс бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаоври назди президенти Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо маводи мухаддир ( UNODC) созмон дода шудааст.

            Дар конфронс ҳайатҳои воломақом аз кишварҳои Осиёи Миёна, Ҷ умҳурии Исломии Афғонистон, Ҷ умҳурии Исломии Эрон, Ҷ умҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Ҷ опон ва намояндагони як қатор созмонҳо ба монанди Созмони Аврупо ӣ , Созмони амният ва ҳамкор ӣ дар Аврупо ва Созмони миллал ӣ муттаҳид ширкат мекунанд.

            Барои иштирок дар кори конфронс инчунин намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Моррел, мушовири масоили байнулмилалии вазорати умури дохилии федеролии Австрия Гюнтер Саблаттниг, намояндаи минтақавии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ( UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ҷеймс Каллахан, намояндаи доимии дабири кулли СММ - роҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Ҷенка ва дигарон даъват шудаанд.

            Дар рӯзи нахусти кори конфронс муаррифии маърӯзаҳои намояндагони созмонҳое, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бобати идора намудани марзҳо кӯмак мекунанд, доир мегарданд. Иштирокдорони конфронс ҳамзамон масоили таҳияи стратегияи миллии идораи марзҳо ва шарҳи механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳои минтақавиро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

            Рӯзи дуввум мулоқоти роҳбарони сохторҳои масъули идораи марзҳо баргузор мешавад, ки дар он роҳбарони ҳайатҳои панҷ кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон стратегияи миллии идораи марзҳоро шарҳ хоҳанд дод.