Душанбе. 21-уми октябр - Умирзак Шукеев, муовини нахуствазири ин кишвар дирӯз эълом кардааст, ки тавофуқи ниҳоӣ дар ин маврид дар ҳамоиши муовинони нахуствазирони кишварҳои минтақа, ки 18-уми октябр дар шаҳри Алмаато баргузор шуд, ба даст омадааст.
Ба гуфтаи оқои Шукеев, тибқи ин тавофуқ, се кишвари минтақа – Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба Қирғизистон ва Тоҷикистон барои рафъи мушкили камбуди нерӯи барқ дар зимистони соли ҷорӣ кӯмак карда ва аз захоири об дар обанборҳои ин кишварҳо барои шодоб кардани мазореъи худ дар тобистони соли оянда истифода хоҳанд кард.
Оқои Шукеев афзудааст, ки барои бори нахуст дар 15 соли ахир дар ҳалли ин масоил ҷониби Туркманистон низ иқдом кардааст. Зеро, ба эътиқоди оқои Шукеев, бидуни истифода аз манобеъи энержии Туркманистон ҳалли ин мушкилот дар зимистони соли ҷорӣ гайримумкин аст.
Муовини нахуствазири Қазоқистон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар оянда дар ин замина санаде аз сӯйи кишварҳои минтақа таҳия ва тасвиб шавад, ки эҷоди механизмҳои доимии ҳалли ин мушкилотро фаро хоҳад гирифт.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста