Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Фаъолзанони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ба тамоми занони ҷумҳурӣ бо изҳорот муроҷиат намуданд.
Тавре дар сомонаи интернетии ҳизб -
tribun
.
tj
хабар дода мешавад, яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи кунунӣ - ба низоми муайян даровардани расму ойинҳои мардумӣ мебошад, ки он ҳамеша дар мадди назари ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
«Мо бар чунин назарем, ки ҳалли муваффақонаи ин масъала дар бештари мавридҳо аз мо - модарон вобаста аст, - гуфта мешавад дар изҳорот. - Фаъолзанони ҲХДТ дар рушду нигаҳдории анъанаҳои фарҳангӣ ва расму ойинҳои мардумӣ саҳми босазо доранд ва дар ҳамин ҳол, муқобили ҳама гуна ҷараёнҳои тундгарову ифротгар ва падидаҳои манфии хусусияти динидошта мебошанд».
Дар изҳорот зикр мегардад, ки «занони ҷумҳурӣ набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст дода, ба доми ҷараёну ҳаракатҳои манфиатҷӯи ба мо бегона гирифтор шаванд». «Мо вазифадорем, ки фарзандони худро аз таъсири манфии онҳо ҳифз намоем, зеро имрӯзу фардои ватани мо ба насли аз ҷиҳати маънавӣ солим вобаста аст», - таъкид мегардад дар изҳорот.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста