Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - «Арзиши нерӯи барқ ва гази Русия нисбат ба арзиши чунин захоир аз кишварҳои ҳамҷавор бамаротиб баланд аст, аз ин рӯ ҳарчанд дар давраи тирамоҳу зимистон мо ба он эҳтиёҷи зиёде дошта бошем ҳам, эҳтимоли воридоти он аз Русия ба ҷумҳурӣ ҳатто баррасӣ намешавад», - изҳор дошт вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар мавзӯи шарҳи изҳороти дирӯзаи сафири Русия дар Тоҷикистон оид ба интиқоли нерӯи барқу газ аз Русия ба ҷумҳурии мо.
Дар ҳамин ҳол вазир зикр кард, ки чанде қабл аз раҳбарияти ширкати «Газпром»-и Русия дархост карда шудааст, ки ба корҳои иктишофиву ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи газ дар чаҳор кони нафту газдори Тоҷикистон сурхат бахшида шавад.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов маҳз ба масъалаи азхудкунии захираҳои нафту гази Тоҷикистон аз ҷониби Русия тавааҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, чанде пеш дар нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки коршиносони корхонаи фаръии «Газпром» -«Зарубежнефтегаз» дар кони Саргазони вилояти Хатлон корҳои иктишофиву таҳқиқотиро ба анҷом расониданд, вале геологҳои тоҷикро бо натиҷаҳои он шинос накардаанд.
Номбурда зикр кард, ки ҳанӯз ду сол қабл ширкати русиягӣ ҳамчунин барои баргузории корҳои иктишофиву таҳқиқотӣ дар кони «Ренгон»-и ноҳияи Рӯдакӣ низ иҷозатнома гирифтааст, вале то ҳол дар ин ҷо ба кор шурӯъ накардааст. «Зарубежнефтегаз» барои баргузории чунин корҳо дар конҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сариқамиш»-и ин ноҳия низ иҷозатнома дорад», - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкории То
ҷ
икистону Русия дар соҳаи азхудукунии захоири нафту гази ҷумҳурӣ
тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2003 «Дар бораи ҳамкории стратег
ӣ
дар соҳаи нафту газ» ва Ёддошти соли 2006 дар бораи таъсиси корхонаи муштараки Русия ва То
ҷ
икистон танзим мегардад.
Моҳи декабри соли 2006 ба «Газпром»
ҷ
иҳати баргузории корҳои геологии ом
ӯ
зиш
ӣ
дар минтақаҳои нафту гази Саргазон ва Ренгон, ки захираҳои он мутаносибан 30 ва 35 млрд. метри мураббаъ пешг
ӯӣ
мешаванд, и
ҷ
озатнома дода шуда буд.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста