Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе парвози ҳавопаймои Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ширкати ҳавопаймоии Красноярск» ба иллати қарздор будани ширкат аз Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» боздошта шуд. Аз КВДҲ «Тоҷик Эйр» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки қарзи ин ширкат ба онҳо 89 ҳазор долллари амрико иро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳудуди 50 нафар мусофир парвози ҳавопайморо бо хатсайри Душанбе-Красноярск дар фурудгоҳ интизорӣ мекашанд. «Намояндагони ширкати русиягӣ мегӯянд, ки то шоми имрӯз қарзро пардохт хоҳанд кард», - изҳор дошт манбаъ.

Зикр гардид, ки дар сурати пардохти маблағи қарз, парвози ҳавопаймо таъмин карда хоҳад шуд.