Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Эъломияи шарикии конфронси «Идораи марзҳо ва назорати маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ»-ро, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт, аксарияти иштирокдорони конфронси мазкур маъқул шумориданд.
Тавре сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон полковник Фахриддин Ҷонмаҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар Эъломия, аз ҷумла гуфта мешавад: «Мо саъйу талошамонро ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ дар беҳбуди идораи марзҳо ва назорат аз болои маводи мухаддир изҳор дошта, ба иқдомоти пшгирифта дар ин самт ҳамеша мусоидат хоҳем кард».
Дар Эъломия зикр гардидааст, ки кишварҳои иштироккунандаи конфронс ташаббусҳои зоҳиргашта баҳри таҳкими идораи марзҳо ва назорат аз болои маводи мухаддирро, ки бар асоси созишномаҳои шарикӣ ва чорабиниҳои муштарак дар чаҳорчӯбаи статегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, Стратегияи минтақавии СММ оид ба ҷинояткорӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои кишварҳои минтақа ва Афғонистон, тадбирҳои САҲА, СААД, ИДМ ва СҲШ ба тасвиб расидааст, мақул шуморида, онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
«Танҳо ҳайати Ӯзбекистон изҳор дошт, ки матни Эъломия ба онҳо чанде қабл аз баргузории конфронс дастрас шудааст ва ба иллати камии вақт натавонистаанд, ки онро ҳамаҷониба бараасӣ кунанд, - идома дод манбаъ. - Аз ин рӯ, онҳо дар баррасии эъломия ҳузур надоштанд ва тасвиби онро низ мавқуф гузоштанд».
Ба қавли Ф.Ҷонмаҳмадов, тасвиби Эъломияи Душанбе озоду кушод буда, ҳар кишвари хоҳишманд ё созмони байнулмилалӣ метавонад онро дар вақти дилхоҳ ба имзо расонад.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста