Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз 1-уми ноябри соли ҷорӣ шумори парвозҳо ба хатсайри Душанбе-Истанбулро зиёд карда, ба Аврупо хатсайри нав ифтитоҳ мекунад. Тавре сухангӯи ширкати «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе дар як ҳафта ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва шанбе амалӣ мегарданд.
Ба қавли ӯ, парвоз тавассути ҳавопаймои навъи «
Boeing
-737-800», ки рӯзи 14-уми октябр аз Чехия оварда шудааст, анҷом дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, мегӯяд Н.Давлатова, рӯзҳои наздик ширкати ҳавопаймоии ҷумҳурӣ соҳиби боз як ҳавопаймои навъи «
Boeing
-757-200» мешавад, ки он тариқи лизинг аз ширкатҳои амрикоӣ гирифта шудааст. «Ин чаҳорумин ҳавопаймои истеҳсоли кишварҳои ғарбӣ буда, он барои таъмини ҳамлу нақли мусофирон бо хатсайри Душанбе-Франкфурт - Душанбе истифода хоҳад шуд», - гуфт сухангӯи ширкати ҳавопаймоӣ ва афзуд, ки ифтитоҳи ин хатсайри тоза ба самти Аврупо рӯзи 20-уми ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста