Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев изҳор дошт, ки аз 1-уми январи соли 2009 арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 25 дарсад зиёд карда мешавад.
Ба қавли ӯ, мушкилоти мавҷудаи ширкат ва талаботи Бонки рушди Осиёву Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди бахши энергетикаи кишвар водор месозанд, ки ҳамасола таруфаҳои нархи истифодаи нерӯи барқ танзим карда шаванд. «Тибқи созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, арзиши истифодаи нерӯи барқ то соли 2010 бояд ба ҳисоби миёна 2,5 сентро ташкил диҳад ва барои ин зарур аст, ки то соли 2010 ҳар сол ду маротиба қимати он ба андозаи 40-50 дарсад зиёд карда шавад», - гуфт ӯ.
Номбурда зикр кард, ки ширкат ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, ки арзиши нерӯи барқ аз оғози соли оянда якбора ба андозаи 40 дарсад афзуда шавад, вале ҳукумат онро рад сохтааст. «Аз ин рӯ, афзоиши навбатии арзиши нерӯи барқ моҳи май ба андозаи 15 дарсад сурат хоҳад гирифт, - изҳор дошт Ш.Самиев.
Раиси ширкати «Барқи тоҷик» афзуд, ки афзоиши қимати нерӯи барқ ба корхона имкон хоҳад дод, ки дастгоҳу таҷҳизоти нав харида, ба сатҳи хизматрасонӣ беҳбуд бахшад. «Ҳамзамон чунин иқдом ба баргардонидани қарзҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва зиёд кардани маоши кормандони ширкат шароит фароҳам хоҳад сохт», - гуфт ӯ. Ба қавли Ш.Самиев, феълан музди меҳнати миёнаи коргарони ширкат ба 349 сомонӣ ($103) баробар аст.
Ёдовар мешавем, ки бори охир арзиши истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ афзоиш ёфта буд. Айни замон дар Тоҷикистон нархи истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ бо назардошти андоз аз арзиши изофа барои аҳолӣ 4,8 дирам (1,4 сент), корхонаҳои саноатӣ 10,95 дирам ва ширкати «ТАЛКО» 5,15 дирам муқаррар шудааст.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста