Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва менеҷери кулли ҶДММ «Намоишгоҳҳои байнулмилалӣ»-и Туркия Маҳмуд Эр зикр гардид, ки ин ширкат ба сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон манфиатдор аст.
Тавре аз хадамоти матбуоти палата ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ин ширкат беш аз 10 сол аст, ки дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва ғайра намоишгоҳҳои байнулмилалӣ созмон дода, дар бахши сохтмони кишвари ҳамсояи Қирғизистон сармоягузорӣ мекунад.
Бино ба иттилои манбаъ, Маҳмуд Эр изҳор доштааст, ки барои роҳандозии фаъолияти густардаи ширкатҳои туркӣ дар Тоҷикистон лозим аст, баъзе мушкилоти ҷудогонаи гумрукӣ ва андозбандӣ ҳал гардида, шумораи парвозҳо ба хатсайри миёни кишварҳо зиёд карда шавад.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили имконоти тайёр кардани мутахассисони тоҷик дар Туркия барои соҳаҳои тиҷорат, соҳибкории хурду миёна ва бонк табодули назар карда шуд. Ш.Саид зикр кардааст, ки тоҷирони тоҷик мехоҳанд бо таҷрибаи кори минтақаҳои озоди иқтисодии Туркия аз наздик ошно гарданд. «Дар масъалаи узвият ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) мо дастгирии Туркияро интизорем», - изҳор доштааст Ш.Саид.
Ба иттилои сарчашма, бо назардошти фаъолияти ширкат, Ш.Саид пешниҳод сохтааст, ки соли 2009 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи молу маҳсулоти Туркия ва Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишвар ташкил карда шавад.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста