Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ирсоли нома унвонии Хадамоти гумрук, Агентии «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати фаъолияти фарматсевтӣ, аз ин ниҳодҳо хостааст, то воридоти маҳсулоти ғизоии дар таркибашон ширдоштаи истеҳсоли Ҷумхурии Мардумии Чинро ба Тоҷикистон манъ намоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати беҳдошти мамлакат хабар доданд, чунин қарор баъди заҳролудшавии кӯдакон дар аксари кишварҳои ҷаҳон, дар натиҷаи истеъмоли шир, маҳсулоти ширӣ ва қаннодии дар таркибашон ширдоштаи истеҳсоли Хитой қабул гардид.

«Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳангоми баровардани чунин маҳсулот, истеҳсолкунандагони чиноӣ аз маводи ба саломатии инсон зараровари «меланин» истифода мекардаанд», - гуфт манбаъ ва илова намуд, ки дар натиҷаи истеъмоли ин гуна маҳсулот, дар сартосари ҷаҳон даҳҳо ҳодисаҳои заҳролудшавӣ ва фавти кӯдакон ба қайд гирифта шудааст.