Душанбе. 12-уми ноябр - Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Душанбе, мувофиқатномаи ҳамкор ӣ миёни давлати То ҷ икистон ва ширкати "Русал"-и Русияро, ки дар пойизи соли 2004 барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" имзо шуда буд, "иштибоҳе дар ҳамкориҳои ду кишвар" арзёб ӣ кард.

Оқои Абдулатифов, ки дирӯз, дар поёни маъмурияти худ дар Точикистон, дар нишасте матбуъот ӣ бо хабарнигорон с ӯ ҳбат мекард, гуфт, ки ин матлабро қаблан бо Олег Дерипаска, раиси ширкати олуминиюми Русия низ матраҳ карда буд.

Оқои Абдулатифов афзуд: "Агар чаҳор сол қабл мувофиқатномаи ҳамкор ӣ барои эҳдоси нерӯгоҳи "Роғун", воқеъ дар шарқи пойтахти То ҷ икистон, ҳамчун санади байнидавлат ӣ миёни Русия ва То ҷ икистон ба имзо мерасид, ҳамакнун шоҳиди оғозбакори нахустин турбини ин нерӯгоҳ будем."

Давлати То ҷ икистон қарордоди ҳамкор ӣ бо ширкати "Русал"-ро авосити соли 2007 ба иллати адами и ҷ рои таъаҳҳудот аз с ӯ йи ин ширкати рус ӣ лағв кард.

Эмомал ӣ Раҳмон, раиси ҷ умҳури То ҷ икистон низ пештар эълон карда буд, ки ин кишвар танҳо бо ширкатҳои русие, ки фаъолияти шаффоф доранд, ҳамкор ӣ хоҳад кард.

Бо ин ҳол, сафири Русия гуфт, ки кишвараш барои сармоягузор ӣ дар умури сохтмонии нерӯгоҳи "Роғун" ҳамчунон омода аст, аммо ҳе ҷ ниёзе ба кунсерсиюми эҳдоси ин нерӯгоҳ надорад.

Рамазон Абдулатифов ба нақл аз мақомоти Русия эълом кард, ки ҷ ониби То ҷ икистон ба унвони молики ин тарҳ метавонад саҳмеро барои Русия тахсис бидиҳад ва кишвараш омода аст, сармоягузор ӣ кунад.

Аммо ба гуфтаи оқои Абдулатифов, дар чунин сурате, ширкати "Русал" дар и ҷ рои ин тарҳ мушорикат нахоҳад кард, балки ширкати РАО ЕЭС ва муассисоти вобаста ба он ин тархро ба ӯ ҳда хоҳанд гирифт. Вай гуфт, ки Русия барои ширкат дар тарҳи "Роғун" сармояи коф ӣ дорад.

Дар ҳамин хол, ба гуфтаи сафири Русия, ҳарчанд ин кишвар ҳозир аст беш аз як милёрд дулор дар тарҳҳои марбут ба иктишоф ва истихро ҷ и маъодин дар То ҷ икистон ҳазина кунад, аммо ба далоили мухталиф ҷ ониби То ҷ икистон ба ичрои ин тарҳҳо иқдом накардааст.

Рамазон Абдулатифов аз фаъолияти тимҳои иқтисодии То ҷ икистон ва Русия дар заминаи тасреъи ҳамкориҳои ду кишвар интиқод кард ва гуфт мутаассифона ниҳодҳои иқтисодии ҳар ду кишвар барои густариши ҳамкориҳо талоши бештаре ан ҷ ом надодаанд.

Ҳарчанд, ба эътиқоди оқои Абдулатифов, дар муддати беш аз 3,5 соли маъмурияти вай мизони мубодилаи коло миёни Тофикистон ва Русия се баробар афзуда ва акнун ба беш аз як милёрд дулор расидааст.

Оқои Абдулатифов То ҷ икистонро шарики иқтисодии Русия ва Эмомали Раҳмон, раиси ҷ умхурро д ӯ сти боэътимоди кишвараш хонд ва гуфт китоберо барои чоп омода кардааст, ки "Миллати то ҷ ики ман" унвон дорад ва интизор меравад авоили соли оянда дар Маскав ба табъ расад.

Зимнан, маъмурияти Рамазон Абдулатифов ба унвони сафири Русия дар То ҷ икистон дар соли 2004 оғоз шуда буд. Оқои Абдулатифов узви ифтихории Фарҳангистони улуми Т о ҷ икистон аст.