Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Бензини навъи АИ-94 ва АИ-96, ки
дар Тоҷикистон ба фурӯш бароварда шудаанд, ба меъёр ҷавобгӯ нестанд.
Тавре сардори шӯъбаи рушди рақобат ва зиддиинҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Акбар Хоҷаев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин навъи бензин ба ҷумҳурӣ ворид нагардидааст ва фурӯшандагони он харидоронро ба гумроҳӣ андохтаанд.
Ба иттилои манбаъ, чунин навъи бензинҳои қалбакӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллаҳои Яккачинор-119, Борбад-1 ва ҶДММ «Нақлиётгаз» фурӯхта мешуданд.
А.Хоҷаев мегӯяд, чунин ҳодисаҳо зимни санҷиши гузаронидаи гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, «Агентии «Тоҷикстандарт» ва Бонки Миллӣ ошкор карда шуданд.
Зикр гардид, ки ба ҷуз сифати маҳсулот, инчунин арзиш ва ҷараёни тағйирёбии он низ санҷида шудааст. «То ахири моҳи ноябр арзиши он ба 2 сомониву 60 дирам баробар шуда, ахири сол коҳиши нархи он дар муқоиса бо арзиши имрӯза ба андозаи 20 дарсад камтар хоҳад шуд», - афзуд сарчашма.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста