Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи 10 моҳи соли 2008 муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази табиӣ 3 млрд. 928,4 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 фоиз зиёдтар аст.

Ба иттилои сарчашма, тавозуни савдо манфӣ буда, воридот нисбат ба содирот ду баробар ($1 млрд.437,4 млн.) бештар аст.

Содироти мол ба $1 млрд. 245,5 млн. баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта $28 млн. зиёд мебошад.

Воридоти мол $2 млрд. 682,9 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-октябри соли 2007 $643 млн. бештар аст.

дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2008 содирот ба андозаи 1,1 дарсад коҳиш ёфта, воридот ба миқдори 13,9 дарсад афзудааст.

Тоҷикистон дар ин давра бо 11 кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 84 давлатҳои хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дошт. Дар муомилоти савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои узви ИДМ 43,7 фоиз ё тақрибан $1 млрд. 717,3 млн. ва ба ҳиссаи давлатҳои хориҷи дур 56,3 фоиз ё $2 млрд. 211,1 млн. маблағ рост меояд.