Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ бо интишори як муроҷиатнома аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дархост намудааст, ки дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ Тоҷикистонро дастгирӣ ва кумак намоянд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар муроҷиатнома қайд шудааст, ки барфрезиҳои шадиди рӯзҳои ахир талафоти ҷонӣ дар пай дошта, дар натиҷа бархе аз роҳҳои иртиботӣ баста шудаанд.
Ба иттилои вазорати умури хориҷӣ, ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои ин ҳодисаи табиӣ чораандешӣ карда, якҷо бо ширкати IRS роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқро боз кардааст. Бо ин вуҷуд, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки рафъи комили оқибатҳои ин барфрезии шадид, харҷи маблағҳоеро тақозо мекунад.
Ба ин далел, вазорати умури хориҷӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллалӣ бо “дарназардошти таҷрибаи ҳамкорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ дар Тоҷикистон кӯмакҳои муваққатии худро ироа хоҳанд кард.”
Вазорати умури хориҷӣ бо такя ба омори Маркази ҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки дар пайи барфрезиҳои шадиди рӯзҳои ахир меъёри боридани барф дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон то 170 дарсад бештар аз нишондодҳои солҳои гузашта будааст. Захираи қабатҳои барфӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 168 дарсад аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Зарафшон 322 дарсад, Вахш 148% ва дар саргаҳи рӯдхонаи Панҷ 156 фисадро ташкил додааст.
Ҳамзамон гуфта шудаааст, ки тибқи пешгӯии маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, дар моҳи феврал боришот бештар аз меъёр хоҳад буд. Чунин вазъ, ба сар задани ҳодисаҳои дигари фавқулоддаи табиӣ дар тамоми фасли зиминстон сабаб хоҳад шуд.