Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон, имрӯз бар пайи тағйироти кадрие, ки дар мақомҳои гуногуни сохторҳи давлатӣ сурат гирифт, домодаш Ашраф Гуловро сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин кард. Фармони таъинот дар торнамои президенти Тоҷикистон нашр шудааст.
Дар ин фармон, ки имрӯз содир шудааст, гуфта мешавад, ки "Гулов Ашрафҷон Шералиевич Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия таъин карда шавад".
Сафири акнун собиқи Тоҷикитон дар Туркия Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо ба далели расидан ба сини нафақа тибқи як фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон бознишаста шуд.
Ашраф Гулов аз ин пеш дар мақоми Консули Тоҷикистон дар Русия кор карда буд ва то таъин шудан ба мақоми сафирӣ, сардори яке аз раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ буд.
Ашраф Гулов ҳамсари Парвина Раҳмонова яке аз духтарҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ӯ ҳам дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекунад ва дар гузашта муовини сардори яке аз раёсатҳои ин ниҳод буд. Ашраф Гулов писари Шералӣ Гул вазири пешини энергетика ва саноати Тоҷикистон буд.
Тибқи фармонҳои дигари президенти Тоҷикистон Музаффар Аҳмадзода муовини якуми мудири Оҷонсии зиди фасоди Тоҷикистон ва Суҳроб Сафарзода муовини мудири ин Оҷонсӣ ба ҷойи якдигар таъйин шудаанд. Сафарзода муовини якум шудаасту Аҳмадзода муовин.
Ҳамчунин Ҷамшед Саидшозода аз мақоми муовини мудири ин Оҷонсӣ барканор шудааст. Далели барканории ӯ "газуаштан ба кори дигар" гуфта шудааст. Дар ин мақом Талбакзода Сулаймон таъин шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Нурулло Абдуллозодаро ба далели ба кори дигар гузаштанаш аз мақоми муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка барканор кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси Ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор Абдулло Қурбонзодаро директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз ин мақом Дӯстзода Диловаршоро барканор кардааст.
Абдухолиқ Амирзода муовини нави вазири тандурустӣ таъин шудаасту Назаралӣ Файзализода аз вазифаи муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудааст.
Давлат Сафар, ки то ин дам мудири шариёти "Адиб" буд муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шудааст.
Сӯҳроб Саъдуллозода директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва мудири пешини ин ниҳод Раҷабалӣ Саидвализода, ҳафтаи пеш дар шаҳри Душанбе даргузашт, ки гуфта мешуд далели маргаш гирифторӣ ба коронавирус будааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
“Коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд”. Муфтии Тоҷикистон гуфт, кӣ метавонад рӯза нагирад
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Як созмони байналмилалӣ ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодиашро талаб намуд
Ҷасади ронандаи зери тарма мондаро як рӯз баъд пайдо кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста