Ба дунболи орд чанд рӯзи ахир нархи баъзе аз навъҳо равғани 5 литраи растанӣ  то 30 сомонӣ ва як кило шакар то 1 сомонӣ дар бозорҳои шимолии Тоҷикистон боло рафтааст. Ин навъи маҳсулоти ниёзи аввал асосан аз Қазоқистону Русия ворид мешавад ва ба гуфтаи ҳолдонҳо баъди он, ки ин кишварҳо дар содироти маҳсулот маҳдудият ҷорӣ карданд, нархи он дар бозорҳои Тоҷикистон якбора боло меравад.

“Олейна”-и Русия 130 буд 150 шуд

Дар бозорҳои вилояти Суғд ҳоло қимати як литр равғани офтобпарасти истеҳсоли Русия то 30 сомонӣ боло рафтааст, ки чанд рӯз пештар 24-26 сомонӣ буд. Фурӯшандагони ин наъи маҳсулот дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ба дунболи равғани истеҳсоли русӣ, равғани растании ватанӣ, ки маъмулан ашёи хоми он аз хориҷи кишвар меояд, боло меравад.  

Илҳом як фурӯшандаи равған мегӯяд, давоми чанд ҳафтаи ахир равғани офтобпарасти ширкати “Олейна”-и Русия якбора боло рафта, ҳоло 5 литри он дар бозор то 150 сомонӣ нарх дорад. Аммо ин навъи равған дар оғози моҳи май то 130 сомонӣ нарх дошт ва ҳоло низ аз гаронтарин равған дар бозор маҳсуб меёбад. Вай гуфт, ба ҳисоби миёна як литр навъҳои дигари равғани растании истеҳсоли Русия то 28 сомонӣ ва истеҳсоли худӣ каме арзонтар 26-27 сомонӣ нарх дорад.

Равғани пахтаи истеҳсоли ватанӣ низ ба дунболи равғани воридотӣ рӯзҳои охир каме гарон шуда як килои он аз 21-22 сомонӣ то 25 сомонӣ боло рафтааст.

“Равғани офтобпарасти Русия баъди моҳи Рамазон беҳад гарон шуд. Ширкатҳое, ки ин навъи равғани русиро дастрас мекунанд мегӯянд, онҳо низ бо нархи гаронтар мехаранд”,-гуфт ӯ.

Нархи равған дар ҳоле гарон мешавад, ки давоми чанд рӯзи ахир қимати як халта орди 50 килоии навъи якум аз 360 то 370 сомонӣ ва шакар аз 685 то 700 сомонӣ боло рафтааст. Нархи орд аз оғози моҳи март ба таври бесобиқа боло меравад ва ду моҳ пештар низ як халта орд аз 265-270 сомонӣ то 300-320 сомонӣ боло рафта буд. Ҳамин тавр нархи орд аз оғози моҳи март то нимаи моҳи май каму беш 100 сомонӣ гарон шудааст.

Ба дунболи орду равған шакар ҳам гарон шуд


Як шакарфурӯш, ки дар “Афғонбозор”-и шаҳри Хуҷанд бо тиҷорати шакар машғул аст, мегӯяд се рӯзи охир нархи ин навъ маҳсулот низ аз 50 дирам то 1 сомонӣ боло рафтааст. Вай гуфт, ҳоло нархи яклухти 50 килои шакарти истеҳсоли Ҳиндустонро бо нархи 555 сомонӣ фурӯхта истодааст. Чизе, ки ба гуфтаи ӯ се рӯз пештар 530 сомонӣ буд. Мегӯя қимати як халта шакари истеҳсоли Русия низ давоми чанд рӯзи охир аз 685-690 сомонӣ то 700 сомонӣ боло рафтааст.  

“Ҳоло як килои шакари Ҳиндустон то 12 сомонӣ боло рафт, ки се рӯз пештар 11,50 сомонӣ буд. Шакари Русия 14,50-15 сомонӣ. Ширкатҳое, ки ба мо ин навъи маҳсулотро дастрас мекунанд мегӯянд, гӯё воридоти шакари Ҳиндустон, ки тариқи марзи Афғонистон меояд, душвортар шудааст”,-тавзеҳ дод ӯ.

Ба ҷузъ болоравии нархи орду, шакар, равған ва дигар маҳсулоте, ки асосан аз Русияву Қазоқистон ворид мешавад дар дигар номгӯйи маҳсулот болоравии ҷиддии нархҳо мушоҳида намешавад. Дар бозор низ ин навъи маҳсулот камчин нест.

Чаро нархҳо якбора дар Тоҷиистон боло рафт?

Дар ҳоле нархи равғани растанӣ дар Тоҷикистон боло меравад, ки кишвар ба ин навъи маҳсулот аз Русия вобастагӣ дорад ва воридоти он зиёда аз 60% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Русия дар пайи вангаш бо Укроин ва таҳримҳои Ғарб ба иқтисоди ин кишвар қаблан эълон карда буд, ки то оғози моҳи август барои танзими бозори дохилии худ содироти бештар аз 200 номгӯй маҳсулот аз ҷумла шакару ғалладонагиҳо ва ғайраро муваққатан манъ мекунад. 


Қаблан Умед Ҷӯраев, иқтисоддони тоҷик дар суҳбат ба “Азия-Плюс” пешгӯи карда буд, “то ҷое, ки ман огаҳам, содироти равған ҳоло манъ нашуда, лекин бо назардошти вазъи иқтисодӣ дар замони ихтилоф баҳри таъмини амнияти озуқ авории худ Русия метавонад мувақққатан содироти ин навъи маҳсулотро манъ кунад ва дар ин ҳолат, воқеъан ҳам нархи равған ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳад рафт”.

Мақомот ва коршиносон яке аз сабабҳои гарон шудани нархи ордро ба гарон шудани нархи гандум дар Қазоқистон вобаста мекунанд, ки 90 дарсади ғаллаи воридотии Тоҷикистон аз ин кишвар аст. 

Хадамоти зиддиинҳисорӣ низ болоравии навбатии нархи орд дар моҳи майро ба он вобаста карда буданд, ки нархи содиротии як тонна гандуми Қазоқистон то 385 доллар аз сӯйи ин кишвар боло рафтааст. Вале тахмин мезананд, ки ин маҳдудият муваққатист.

Соли гузашта арзиши 1 тонна гандум аз Қазоқистон ба ҳисоби миёна 240 доллар ва моҳи январи соли 2022 - 285 долларо ташкил медод ва мутаносибан соли гузашта як халта орд дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 240 сомонӣ, аввали соли ҷорӣ - 280 сомонӣ ва дар нимаи моҳи майи имсол аз марзи 350 сомонӣ гузашт.

Як манбаъ аз Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд низ бидуни зикри ном болоравии нархи орд дар Тоҷикистонро ба гарон шудани ашёи хом дар худи Қазоқистон вобаста кард ва гуфт, “дигар факторе, ки боиси гарон шудани нархи орди ватанӣ мешавад дида наметавонанд”. Аммо ӯ дар мавриди равғану шакари воридотӣ, ки ин шабу рӯз гаронтар шудааст, чанд омилро номбар кард.

Бино ба иттилои Раёсати гумрук дар вилояти Суғд давоми чаҳор моҳи имсол 4191 тонна шакар ворид шудааст, ки ба фарқ аз ҳамин давраи як сол пеш камтар аст, вале арзиши гумрукии он 6,85 дарсад зиёдтар шудааст. Воридоти ғалла низ 21,429 тонна кам шуда, аммо арзиши гумрукии он 14,02% афзудааст. Воридоти орд низ назар ба ҳамин давраи соли 2021 дар имсол 5799 тонна ва арзиши гумрукияш бошад 29,50% кам шудааст. Аммо равғани растанӣ дар давоми чор моҳ ба миқдори 15419 тонна ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта миқдоран 3389 тонна зиёд ва арзиши гумрукияш низ 53,01% афзудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.