Пас аз ҳар низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баҳси “ҷанги иттилоотӣ” миёни журналистон, коршиносони соҳа ва намояндагони мақомот рӯй мазанад. Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи ахир дар марз ва ғасби фазои иттилоотии минтақа аз ҷониби расонаҳои кишвари ҳамсоя, мавзӯи заифии расонаҳои кишвар ва шикасти комили Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотӣ боз ҳам доғ шуд.
Нокомӣ дар набарди иттилоотӣ боис гардид, ки чанд рӯз пас аз сар задани муноқишаи ахири марзӣ роҳбарони ташкилотҳои журналистӣ ва расонаҳои Тоҷикистон гирди ҳам омаданд, то дурнамои рушди ВАО дар кишвар ва ҳамин тариқ, истодагӣ дар қиболи ҳамлаҳои густардаи иттилоотиро баррасӣ кунанд. Хулосаи он нишаст кӯтоҳ буд: “Элита”-и журналистикаи тоҷик гирди ҳам омад, суҳбат кард ва пароканда шуд. Ягон намояндаи мақомот дар он ҳузур надошт ва аз ин ҷост, ки ҳеҷ иқдоми ҷиддӣ барои ислоҳи камбудиҳо рӯйи даст гирифта нашуд.
Ҷанги иттилоотиро бохтем. Ин дақиқ аст
11-уми октябр бо ташаббуси “Азия-Плюс” журналистон, роҳбарони чанде аз ташкилотҳои рӯзноманигорӣ ва коршиносон дар як “Ток-шоу” гирди ҳам омаданд ва бори дигар мушкилоти ВАО-и тоҷикро дар пешбурди ҷанги иттилоотӣ баррасӣ намуданд.
Нуктаи бебаҳси мубоҳиса ин буд, ки ҷониби Тоҷикистон ҷанги иттилоотиро бохтааст ва ин дақиқ аст. Ҳамаи журналистон ва коршиносони соҳа эътироф карданд, ки Тоҷикистон дар ин самт пурра “капитулятсия” гардид.
Чаро бохтем?
Агар мушаххас баён кунем, омили аслии бохти ҷанги иттилоотӣ аз ҷониби Тоҷикистон, адами дурнамо дар самти ВАО буд. Яъне ВАО-и тоҷик ҳеҷ гуна омодагӣ ба ҷанги иттилоотӣ надошт ва мутаассифона то ҳол надорад. Дастрасӣ надоштани журналистони ҳирфаӣ ба иттилоои сареъ ва саривақтӣ аз набудани дурнамои мушаххас дар самти сиёсати иттилоърасонии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Инро ҳамаи коршиносони соҳа зикр намуданд.
Масалан, Абдумалик Қодиров, роҳбари “Медиа-алянс”-и Тоҷикистон гуфт, “дар дилхоҳ ҷанг агар қоидаҳо риоя нагардад, он бохта мешавад. Дар ҷанги иттилоотии ахир ҳамсоякишвар нақшаи мушаххас дошт, мо бидуни он фаъолият доштем ва аз ин ҷост, ки ҷангро бохтем”.
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМВАОТ ҳам дар умум омили бохти ҷанги иттилоотиро дастрасӣ надоштани журналистон ба иттилоъ номид: “Тоҷикистон ба ҷанги иттилоотӣ омода набуд. Ҳам аз ҷиҳати ҳирфаият ва ҳам аз ҷиҳати риояи меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқӣ, аммо сабаби асосии бохти набарди иттилоотӣ дастрасӣ надоштани журналистони касбӣ ба иттилои расмӣ буд. Мутассифона, ҳар вақте дар марз ё дигар минтақаи кишвар вазъият муташанниҷ мегардад, масъулин дари худро ба рӯйи журналистон сахт мебанданд”.
Набудани дурнамои мушаххаси ВАО-и тоҷик дар муборизаҳои иттилоотиро коршиноси дигар Рустам Азизӣ низ зикр кард: “ВАО-и кишвари ҳамсоя дурнамо доштанд. Журналистони кишвари ҳамсоя қаблан омода шуда буданд, медонистанд, ки чӣ мегӯянд ва барои кӣ мегӯянд. Мутаассифона, ВАО-и мо ин гуна дурнамои мушаххас надошт ва сабаби аслии бохти ҷониби Тоҷикистон ин буд”.
Яъне, дар умум мушкил якто аст: Тоҷикистон ба ҷанги иттилоотӣ омода набуд, чун ҳеҷ дурнамое дар ин самт вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз набарди иттилоотӣ бохта шуд.
Чаро ин бад аст?
Бохти ҳар набард ҳамеша бад аст, махсусан мағлубият дар ҷанги иттилоотӣ дар асри муосир боис ба шикаст дар дигар ҷабҳаҳо низ мегардад.
Пӯшиши иттилооти низои ахири марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби расонаҳои байналмилалӣ собит сохт, ки чаро бохт дар ҷанги иттилоотӣ бад аст. Расонаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бештар бо истинод ба расонаҳои кирғизӣ ба аудиторияи худ муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ доданд. Сабаб, пешсафии расонаҳои Қирғизистон дар пешниҳоди иттилоъ буд. Яъне расонаҳои қирғизӣ тавонистанд расонаҳои иттилоотии байналмилалиро бо иттилои барои ҷониби Қирғизистон муносиб саривақт таъмин кунанд, аммо расонаҳои тоҷикӣ на танҳо натавонистанд расонаҳои байналмилалиро бо иттилои барои Тоҷикистон мувофиқ таъмин кунад, балки худ иттилои кофӣ надоштанд, ки ба хонанда асли воқеаро шарҳ диҳанд. Ин ҳолат сабаб шуд, ки Тоҷикистон дар расонаҳои байналмилалӣ ҳамчун оғозкунандаи муноқиша дар марз муаррифӣ гардид.
Бо пинҳон кардани маълумот оид ба таъдоди кушташудагон, захмиён, биноҳои харобгашта ва дигар харобкориҳои артиши қирғиз Тоҷикистон гӯё тасдиқ кард, ки кишвари таҷовузгар аст. Чун Қирғизистон бо нашри расмии ин маълумот ва истифода аз ҳолатҳои риққатовар (фавти занону кӯдакон) тавонист дар назари расонаҳои байналмилалӣ, ки созандаи афкори ҷаҳонӣ ҳастанд, худро ҷабрдида ва Тоҷикистонро таҷовузкор муаррифӣ кунад.
Чӣ бояд кард?
Аслан бохти набард дар ҳар майдон бад ва аламовар аст. Ягона малҳам барои коҳиши дард аз бохт ин тамрин ва ислоҳи хатоҳои қаблан роҳдода мебошад.
Барои иштирок дар мубоҳисае, ки зикр кардем, намояндагони мақомоти давлатӣ низ даъват шуда буданд, аммо боз ҳам мутаассифона иштирок накарданд. Агар онҳо иштирок мекарданд, метавонистанд аз мушкил ва роҳи ҳалли пешниҳодгардида огоҳ шаванд. Чун ҳузур надоштанд, дар зер чанд роҳи ҳалли мушкилоти зикргардидаро ишора мекунем, ки ҳалли мусбати он ба манфиати давлату миллат аст.
1. Муассиртарин роҳи муваффақият дар самти набарди расонаӣ ва ғалаба дар фазои иттилоотӣ ин ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ ва ВАО аст. Ин ҳамкорӣ чӣ гуна метавонад бошад? Бисёр содда, осон ва барои ҳарду ҷониб муфид:
- пешниҳоди саривақтии маълумоти расмӣ аз ҷониби мақомот ва нашри фаврии он аз ҷониби ВАО;
- дастрасии намояндагони масъули мақомоти зиддахл барои рӯзноманигорон ва посухи муносиб гардонидан ба саволи намояндагони ВАО.
Дар ҳарду ҳолат ҳам мақомот метавонанд мавқеи расмии худро, ки мавқеи давлат низ дониста мешавад, бо истифода аз платформаҳои гуногуни расонаҳо (нашрия, радио, телевизион, сомонаҳои иттилоотӣ, саҳифаҳои расмии расонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ) манзури на фақат сокинони Тоқикистон, балки тамоми ҷаҳон гардонанд, ҳам ВАО метавонанд маълумоти расмӣ, дақиқ ва фавриро дастрас карда, ба аудиторияи худ бо чандин забон пешкаш созанд.
2. Якҷо бо иҷрои банди аввал, зарур аст, ки сиёсати иттилоотии Тоҷикистон таҷдиди назар карда шавад. Дар таълиму тарбияи журналистони оянда бояд тағйироти куллӣ ворид карда шавад. Реформа бояд аз факултаи журналистика оғоз гардида, то ба сатҳи боло – муосиргардонӣ ва муассирсозии кори расонаҳои давлатӣ ҷараён гирад. Зеро бо ин шева, ки ҳоло мутахассисони соҳаи ВАО омода мешаванд, расонаҳои давлатӣ (дар муқоиса ба расонаҳои ғайридавлатӣ, ВАО-и давлатӣ ҳоло ҳам зарфияти бештар дорад) фаъолият мекунанд, ҳар гуна набарди иттилотӣ бохта мешавад.
3. Ташкили марказ ё ситоди ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди иттилоъ дар ҳолатҳои изтирорӣ. Вазифаи асосии ситод ҳамоҳангӣ ва мусоидат барои фаъолияти якҷояи мақомоти масъули давлатӣ, ВАО ва коршиносон бояд бошад. Ин ситод метавонанд доимамалкунанда набошад, аммо дар ҳолатҳои зарурӣ он бояд ба таври фаврӣ гирди ҳам ояд.
Киҳо метавонанд ба ин ситод шомил гарданд?
- намояндагони босалоҳияти мақомоти дахлдор, яъне мақомдоре, ки салоҳияти пешниҳоди иттилоро доир ба вазъ дорад;
- намояндагони масъули ВАО, яъне нафаре, ки дар сиёсатгузории расонаи хеш таъсир дошта бошад;
- коршиносони соҳа, онҳое, ки мавзӯро хуб балад ҳастанд ва тавони шарҳу тавзеҳ доданро доранд;
- журналистони ҳирфаии донандаи забонҳои хориҷӣ ва тарҷумонҳо ва барномасозон.
Агар ин ҳама нуктаҳои зикргардида ба таври мусбат ҳалли худро ёбанд, мақомот муносибати хеш бо ВАО-ро тағйир диҳад ва ҳамкориро ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ дуруст ба роҳ монад, натиҷаи набардҳои минбаъдаи иттилоотӣ ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд, вагарна, боз ҳам пас аз низои навбатӣ, гирди ҳам ҷамъ меоем ва суҳбате карда, пароканда мешавем.
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 декабри соли 2024
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста