Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ вобаста ба вазъи ҳуқуқи инсон натиҷаи сафараш дар моҳи декабри соли 2022 дар Тоҷикистонро нашр кард ва дар он ҳабси 9 рӯзноманигору блогери тоҷикро шадидан интиқод намуд.
Дар гузориши нашршуда қазияҳои боздошт ва ҳукмҳои сангини Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Абдулмаҷид Ризоев, Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Фаромуз Иргашев ва Хушрӯз Ҷумъаев мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.
Гузоришгари вижаи СММ дар таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии нафарони номбурда як силсила “ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон, қонунҳои Тоҷикистон ва муқаррароти байналмилалӣ”-ро ошкор кардааст.
Инчунин, дар боздоштгоҳ ва пеш аз ҳукми суд шиканҷа шудани рӯзноманигоронро шадидан маҳкум карда, онро “саркӯбии озодии баён ва хомӯш кардани садои мунаққидон дар Тоҷикистон” номидааст.
“Мо аз боздоштҳои худсаронаи ин ҳомиёни ҳуқуқи башар ва дар чанд маврид кофтукови эҳтимолии хона ва мусодираи дастгоҳҳои электронии онҳо нигарон ҳастем”, - омадааст дар гузориши СММ.
Гузоришгари вижаи СММ аз Ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки “далели воқеӣ ва заминаҳои ҳуқуқии боздошт, иттиҳом, ҳабс ва ҳукми содиршудаи ҳар яки ин ҳомиёни ҳуқуқро” ошкор кунад.
Дар ин баробар, дар гузориш аз ҳукумати кишвар хостаанд, ки дар мавриди вазъи саломатии Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба гузоришгарони СММ иттилоъ диҳанд ва инчунин хостааст, то шиканҷа шудани онҳо таҳқиқ карда шавад.
Муаллифони гузориш ба ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар парвандаҳои зикршуда поймол ва ё нодида гирифта шудаанд.
Гуфтан зарур аст, ки дар як соли гузашта ин рӯзноманигорону блогерони тоҷик аз 7 то 10 соли зиндон маҳкум шуданд. Аксари рӯзноманигорони маҳкумшуда иттиҳоми алайҳашон эълоншударо эътироф накарданд.
Чанде аз онҳо ҳатто аз боздоштгоҳ ва зиндон мактуб навишта, зери шиканҷа эътироф кардани иттиҳомро ошкор намуданд. Аз ҷумла, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар ин хусус аввалин шуда ба расонаҳо нома навишт. Аммо баъдан Додгоҳи олӣ гуфт, шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода тасдиқ нашуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамвора боздошт ва равонаи зиндон кардани рӯзноманингоронро маҳкум карда, аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо менамоянд, ки онҳоро ҳарчи зудтар озод кунад. Ҳукумати Тоҷикистон дар аксари ҳолат тақозои созмонҳои байналмилалиро сарфи назар карда, тасмими худро дуруст меҳисобад.
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
“Асоси воқеӣ надорад”. Вазири маорифи Тоҷикистон ба вакили Думаи давлатии Русия посух дод
Муаррифии китобҳои насли нав. Аз китобҳои оддӣ чӣ тафовут доранд ва нархашон чанд аст?
Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист иддао доранд, ки соли гузашта ҳаво тозатар шудааст
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла карда буд, ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста