Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор, фурудгоҳҳои хатҳои ҳавоии маҳаллиро аз моликияти коммуналии шаҳру ноҳияҳо хориҷ карда, ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва ба тавозуни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронид.

Қарори мазкур 31-уми августи соли 2023 қабул шуда, матнеи он дар портали иттилоотӣ-ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст.

Дар қарори ҳукумат аз ҷумла гуфта мешавад, ки Фурудгоҳҳои хатҳои ҳавоии ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз истифодаи Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фурудгоҳи ҳавоии Исфара аз тавозуни ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бароварда шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба тавозуни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.

Ҳамчунин, тибқи қарори зикршуда, 18 фурудгоҳи маҳаллии дигар низ аз моликияти коммуналии шаҳру ноҳияҳо бароварда шуда, ба ихтиёри Вазорати мудофиа супорида мешавад.

“Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳое, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидаанд, барқарорсозӣ ва дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор додани фурудгоҳҳои хатҳои ҳавоиро таъмин намояд”, - гуфта мешавад дар қарор.

Фурудгоҳҳое, ки ба баланси Вазорати мудофиа гузаронида шудаанд, инҳоянд:

1. Фурудгоҳи ноҳияи Панҷ

2. Фурудгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

3. Фурудгоҳи Даштиҷум

4. Фурудгоҳи Йол

5. Фурудгоҳи ноҳияи Айнӣ

6. Фурудгоҳи шаҳри Истаравшан

7. Фурудгоҷи ноҳияи Ашт

8. Фурудгоҳи шаҳри Конибодом

9. Фурудгоҳи шаҳри Панҷакент

10. Фурудгоҳи ноҷияи Ишкошим

11. Фурудгоҳи ноҳияи Рӯшон

12. Фурудгоҳи ноҳияи Ванҷ

13. Фурудгоҳи Қалъаихумб

14. Фурудгоҳи Сағирдашт

15. Фурудгоҳи ноҳияи Лахш

16. Фурудгоҳи Лахш

17. Фурудгоҳи ноҳияи Тоҷикобод

18. Фурудгоҳи ноҳияи Рашт

Ҳоло парвозҳо танҳо аз чаҳор фурудгоҳи байналмилалии кишвар: Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб сурат мегиранд.

Пас аз таҷдиди сохтори Ширкати “Тоҷик Эйр” дар соли 2008 ин чаҳор фурудгоҳ мақоми байнулмилалӣ гирифтанд ва ба субъектҳои мустақили иқтисодӣ табдил ёфтанд.

Фурудгоҳи Хоруғ ба як воҳиди сохтории Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе табдил ёфт ва 29 фурудгоҳи нисбатан хурд ба тавозуни мақомоти маҳаллӣ дода шуда, бинобар набуди маблағ барои нигоҳдории онҳо фаъол набуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.