Барои баргузории 3 озмуни ҷумҳуриявӣ дар соли 2024 аз фонди президент қариб 12,5 млн сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ин бора амрҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расид.
Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 3 млн 785 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Ҳадафи баргузории он дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн... интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, мебошад.
Он аз рӯи 5 номина - оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки номинаи оҳангсозӣ-бастакорӣ бори аввал ворид карда шуд.
Озмун дар се давр баргузор мешавад. Даври якум моҳи апрели соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм — моҳи июни соли 2024 дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.
Аз рӯи ҳар як номина шоҳҷоиза муайян карда шудааст, ки маблағи он 50 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмуъ 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Имсол довталабони даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур имкон доранд, ки ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии донишгоҳу донишкадаҳо ва колеҷҳо бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул шаванд.
Озмуни дигар, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар гузаронида мешавад.
Барои баргузории он дар соли равон 4 млн 570 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 695 000 сомонӣ зиёд аст.
Озмун аз рӯйи шаш номина - адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор мешавад.
Он аз чор давр иборат буда, аз моҳи март то ноябри соли 2024 баргузор мешавад.
Яке аз тағйиротҳое, ки дар озмуни мазкур ворид карда шуд, ки зиёд намудани шоҳҷоиза аст. Яъне чанд соли пеш танҳо як шоҳҷоиз буд, имсол аз рӯи 4 номина шоҳҷоиза муқарар шудааст ва маблағи ҳар як шоҳҷоиза 70 ҳазор сомонӣ мебошад.
Яке аз дигар тағйиротҳо дар озмуни мазкур, табдил додани номинаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ба номинаи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ аст. Ҳамчунин, ин номина ба 3 гурӯҳ ҷудо шуд:
- гурӯҳи якум хонандагони синфҳои 1-4;
- гурӯҳи дуюм хонандагони синфҳои 5-8;
- гурӯҳи сеюм хонандагони синфҳои 9-11 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфҳои 10-11 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидои касбӣ.
Ҳадафи он бештар ҳавасманд намудани кӯдакону наврасон ба озмун гуфта мешавад.
Барои иштирокчиёни даври чумҳуриявии озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он довталабони даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 4 млн 85 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Ҳадафи баргузории озмун рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагону донишҷӯён унвон шудааст.
Он аз рӯи ҳафт номина - математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад.
Озмун аз 4 давр иборат буда, моҳҳои апрел - октябр баргузор мешавад.
Соли равон дар озмун тағйироти нав ворид нашудааст.
Ғолибони давраи чоруми озмуни мазкур имкон доранд, ки ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда шаванд.
Ба сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур дода шудааст, ки баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳо тадбирҳои дахлдор андешанд.
Ин се озмуни ҷумҳуриявӣ дар байни аҳолӣ ҳаводори зиёд доранд ва ҳамасола садҳо нафар дар онҳо ширкат ва қувваозмоӣ мекунанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста