Далер Ҷумъа, вазири энерегетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, рушди босуръати иқтисодиёти кишвар ва тағйирёбии иқлим сабаби асосии маҳдуд кардани неруи барқ ё “лимит”-и барқ дар минтақаҳо аст.
Ӯ имрӯз, 1-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи сабабҳои маҳдуд кардани нерӯи барқ посух дода, афзуд, талаботи дохилӣ ба нерӯи барқ бо суръати баландтар рушд мекунад, ки ин чанд сабаб дорад.
“Сабаби асосӣ, рушди иқтисодиёти кишвар аст, ки дар соли 2023 ба 8,3 дарсад зиёд шудааст. Ин нишонаи он аст, ки қариб ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар рушд ёфта истодааст ва талабот ба барқ зиёд мешавад. Яъне яке аз сабабҳои асосӣ зиёд будани талабот ба барқ нисбати истеҳсолот аст”, - гуфт ӯ.
Ба таъкиди вай, сабаби дигар тағйирёбии иқлим аст, ки солҳои охир резиши об ба дарёҳо камтар шудааст.
Вазири энергетика ва захираҳои об аз боришоти тирамоҳи соли гузашта ва ду моҳи зимистони имсола мисол овард, ки ба гуфтааш, нисбат ба соли 2022 қариб 95 дарсад камтар шуд, ки “ба резиши об дар дарёи Вахш, ки аксари иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ дар он ҷойгир аст, таъсири манфии худро расонид”.
Ҳамасола сокинони деҳоти Тоҷикистон аз оғози мавсими тирамоҳу зимистон аз маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекунанд, ки он бештар бо номи “лимит” маъруф аст. Айни замон ба сокинони деҳот нерӯи барқ бо реҷаи маҳдуд - якчанд соат субҳ ва якчанд соати дигар шом дода мешавад.
Ҳарчанд ширкати “Барқи тоҷик” чанд соли охир, маҳдудияти нерӯи барқро инкор мекард, вале чанд соли охир реҷаи маҳдуди истифодаи барқро бар асари норасии захираҳои обиву энергетикӣ ва корҳои профилактикӣ рабт медиҳад.
Вале аҳолӣ бо ишора ба он ки Тоҷикистон ба кишвраҳое мисли Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад, мегӯянд, бояд пеш аз ҳама талаботи дохилиро қонеъ кард.
Тибқи иттилои оҷонсии омор, Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2023 ба маблағи беш аз 7,2 миллион доллар нерӯи барқ содир кард, ки нисбат ба моҳи гузашта 3,8 баробар бештар аст.
Ба рушди иқтисодиёти кишвар рабт додани маҳдудияти барқ дар ҳолест, ки таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) гуфтанд, ки иқтисодиёти кишвар асосан аз ҳисоби савдо (2,3 банди фоизӣ) рушд кардааст.
Бояд гуфт, ки ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар соли 2023 дар кишвар 21,8 млрд кВт. соат барқ истеҳсол шудааст ва ин нисбат ба соли 2022-юм 2,2 дарсад зиёд мебошад. Қариб 95 фисади қувваи барқро неругоҳҳои обӣ ва боқимондаро неругоҳҳои гармидиҳӣ, инчунин неругоҳҳои офтобӣ истеҳсол кардаанд.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста