Wildberries, яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои онлайнӣ дар Русия ва кишварҳои ИДМ, аз ифтитоҳи нуқтаи дастраскунии фармоишҳо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.
Ин аввалин нуқтаи дастраскунии фармоишҳо дар минтақа ва баландтарин нуқтаи Wildberries дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад — он дар баландии тақрибан 2,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.
Хидматрасонии нуқтаи нав барои тамоми вилоят - шаҳри Хоруғ, ҳафт ноҳия, чаҳор шаҳрак ва 42 ҷамоати деҳот пешбинӣ шудааст. Ҳамин тавр, зиёда аз 150–180 ҳазор сокинони ВМКБ, ки ба интернет дастрасӣ доранд, метавонанд аз хидматрасониҳои Wildberries истифода баранд.
Барои муштариёни минтақа тамоми номгӯйи маҳсулоти Wildberries, ки дар Тоҷикистон дастрасанд, пешниҳод мешавад — миллионҳо намуди молу маҳсулот барои хона, либос, пойафзол, электроника, косметика ва ғайра.
Дастраскунии фармоиш ба шаҳри Хоруғ ройгон буда, муҳлати таҳвил ба ҳисоби миёна 7–8 рӯзро ташкил медиҳад. Мол бо нақлиёти ҳавоӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, сипас бо роҳҳои мошингард ба Хоруғ интиқол дода мешавад.

“Ифтитоҳи нуқтаи дастраскунии фармоишҳо дар Хоруғ як қадами муҳим дар рушди тиҷорати электронии тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аст. Мо шод ҳастем, ки сокинони Бадахшон акнун ба маҷмӯи васеи молҳо ва хадамоти роҳати таҳвил, ки аз сатҳи пойтахтҳо камтар нест, дастрасӣ пайдо мекунанд", —мегӯяд Хусрав Султонов, намояндаи ширкати DC Market, шарики Wildberries дар Тоҷикистон.
Wildberries моҳи апрели соли 2025 вориди бозори Тоҷикистон шуд ва ифтитоҳи нуқтаи хидматрасонӣ дар Бадахшон қисме аз стратегияи рушди инфрасохтор ва фароҳамсозии имкониятҳои нав барои харидорон дар минтақа мебошад.
Ширкат якҷо бо DC Market ният дорад, ки дар оянда 40 нуқтаи дастраскунии фармоишҳоро ифтитоҳ намояд. Ҳар сокини Тоҷикистон ҳам, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият мекунад, метавонад шарики Wildberries бошад.
Айни замон Wildberries дар даҳ бозор, аз ҷумла дар Русия, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолият дошта, инчунин бо фурӯшандаҳо аз Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкорӣ мекунад.



Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Дар Хуҷанд 15 касро барои партофтани партов дар ҷойҳои мамнӯъ ҷарима кардаанд
Пули 100-сомонии ҷашнӣ соҳиби ҷоиза шуд. Он бо кадом тарҳ омода шуд ва чӣ бартарият дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста