Нимаи тобистони соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ бо иқтидори солонаи 85 ҳазор тонна ба истифода дода мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ҶСП «Ҳасан и Ко» Ҳасан Файзов дар ин робита хабар дод, корхона мутаалиқи Эрону Тоҷикистон буда, саҳми ҷонибҳо баробар – 50 ба 50 аст.
«Дар корхона нафти хоми воридотӣ аз Қазоқистон, Эрон, Русия ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин ашёи хоми маҳаллӣ коркард шуда, маводи сӯзишворӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, равғанҳои молиданӣ, битум ва ғайра истеҳсол хоҳад шуд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Файзов, айни замон дар корхона корҳои насби таҷҳизоти аз Эрону Русия воридшуда ҷараён дошта, сипас корҳои насбу мавриди истифода қарор додан оғоз мегарданд. «Коркарди нафт дар дохили кишвар ба коҳиши нархи маҳсулоти нафтӣ дар бозори чакана имкон фароҳам меоварад», - изҳори умуедворӣ кард ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки нақша доранд, дар минтақаи Балҷувон корҳои пармакунии чоҳро анҷом диҳанд ва тибқи лоиҳа, чуқурии чоҳ бояд 5 ҳазор метр ва маблағи умумии лоиҳа 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Ширкати мо ҷиҳати анҷом додани ин корҳо иҷозатнома дорад, вале корҳо пас аз дарёфти маблағгузор ба лоиҳа шурӯъ мешаванд», - афзуд директори корхона .
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
мактаб12 июн, 2013 11:51
Боиси ифтихор ва сарфарози аст, ки дар Точикистон хам сохибкорон ба истехсолот даст мезананд ва дар пайдо намудани чойхои нави кори шароит мухайё месозанд. Худое кунад, ки дар тамоми нохияхо ва чамоатхо ба истехсолот даст зананду мардуми одди сохиби чои кор шавад ва ба Россия ба мардикори нараванд.