Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» аз 1 июл ба роҳандозии парвози ҳавопаймоҳояш ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд оғоз мекунад.

«Мо парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро мувофиқа кардем, - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ. - Дар як ҳафта се парвоз ба Душанбе ва се парвоз ба Хуҷанд анҷом дода мешавад».

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия бо истинод ба муовини директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии «Ямал» Иля Лебедев, санаи оғози парвозҳо ба самтҳои Душанбе ва Хуҷанд аз фурудгоҳи Жуковский 1 июл муқаррар шуда, фурӯши билетҳо аз 18 май шурӯъ мешавад.

Охири моҳи апрел мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия дар таъини ширкати дуюми ҳавопаймоии Русия аз фурудгоҳи Жуковский ва ҳамчунин бекор кардани маҳдудияти парвозҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» созиш ҳосил карданд.

Аз рӯзи 3 май ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» дар бораи барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳояш аз Душанбе ва Хуҷанд ба пойтахти Русия хабар дод.

Баҳсҳо миёни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия рӯи ин масъала қариб ним сол дома ёфтанд: моҳи декабр Тоҷикистон ба иҷрои парвозҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жукрвский ба Тоҷикистон иҷоза надода, дар навбати худ, Русия ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русия маҳдудият ҷорӣ кард.

Зимни гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо оғози мавсими тобистон (26 март) ба ширкати «Ямал» барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва дар ин робита, ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда нисбати ширкати «Сомон Эйр» бекор карда шуданд.

Аммо бо оғози мавсими тобистон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати «Ямал», ки парвози ҳавопаймоҳояш ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро дар нақша дошт, парвозҳо ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаро пешниҳод намуда, ҷониби Русия ин пешниҳодро напазируфт.

Баъди ин Тоҷикистон ба амалисозии парвозҳои ширкати «Ямал» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 2 маротибагӣ дар як ҳафта розӣ шуда, вале ин пешниҳодро ҳам Русия қабул накард. Ҷониби Русия хостори парвозҳои ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Ямал» ва «Уралские авиалинии» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мебошад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон фурудгоҳи Жуковскийро минтақавӣ шуморида, баробарии парвозҳоро танҳо дар фурудгоҳҳои мансуб ба шаҳри Маскав эътироф мекунад. Тибқи қонунгузории Русия, фурудгоҳи Жуковский ба вилояти маскав мансуб аст.