Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 21-уми июн лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи ба муомилоти байналмилалӣ пешниҳод намудани коғазҳои қиматнокро ба тасвиб расонд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфтааст, ҳадаф ва моҳияти қарори мазкур ҷалби маблағҳо барои сохтмони иншооти стратегии кишвар мебошад.

Ба гуфтаи ӯ дар марҳилаи аввал пешниҳоди коғазҳои қиматнок ба маблағи 500 миллион доллар ва дар маҷмуъ 1 миллиард доллари амрикоӣ дар назар аст. Ноиби вазири молия иброз доштааст, ки ин нахустин таҷрибаи Тоҷикистон барои ба бозори байналмилалӣ баровардани коғазҳои қиматнок мебошад ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Шариф Раҳимзода, вакили парлумони Тоҷикистон таъкид намудаас, ки ҳадаф аз пешниҳоди коғазҳои қиматнок ба бозори байналмилалӣ ҷалби маблағҳо ба сохтмони “Роғун” мебошад.

Ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ки оё ин иқдом ягон “риск” (хавф) дорад, Раҳимзода гуфтааст, бале ва “риск” дар афзоиши қарзҳои Тоҷикистон мебошад. Дар мавриди ҷанбаи мусбати иқдоми мазкур Раҳимзода гуфтааст, бо ҷалби маблағҳо истеҳсоли нерӯ зиёд мешавад ва имкони содироти он фароҳам мегардад.