“Тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистону Қирғизистон аз афзалиятҳои бонки мо маҳсуб меёбанд”, - изҳор дошт раиси Раёсати Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Андрей Белянинов имрӯз, 10 июл зимни нишасти хабарии ҷамъбасти фаъолияти кори бонк дар нимсолаи аввали соли 2019.

Ӯ қайд кард, ки дар ин самт айни замон раҳбарияти Бонк аз Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ тавсияҳоро мунтазир аст.

Ба сурати умум, ба қавли Белянинов, феълан ҳамкориҳо байни БАОР ва Тоҷикистон дар сатҳи на он қадр дилхоҳу қаноатбахш қарор доранд.

“Мо кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки роҳу воситаҳои раҳоиро аз марҳилаи на он қадр хуб дар муносибатҳои дуҷониба пайдо кунем”, - иброз дошт номбурда.

Раиси БАОР таъкид дошт, ки ниҳоди молиявии мазкур аз Тоҷикистон дархостҳои зиёд мегирад, “лекин ба гумони ғолиб, онҳо на дархост, балки хоҳишу орзуст”.

“Онҳо то сатҳи лоиҳаи комил таҳия нашудаанд. Вақте ки мо онҳоро коркард мекунем, маълум мешавад, ки заминаи асосноккунии воқеӣ вуҷуд надорад, ҳатто дар сатҳи 20% гарав таъмин нест. Мо ба созишҳо омодаем, лекин чунин бармеояд, ки шумо ба мо пул диҳед ва мо баъд мебинем, ки баргардонем ё не. Шояд ин начандон дуруст бошад”, - изҳор дошт ӯ.

Белянинов қайд кард, ки айни замон ҳеҷ лоиҳаи мушаххасе, ки метавонист аз ҷониби БАОР маблағгузорӣ шавад, мавҷуд нест.

Ӯ эътироф намуд, ки масъалаи қарздиҳӣ то андозаи муайяне ба узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) низ вобастагӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ягона кишвари узви БАОР боқӣ монадааст, ки то ҳол ба ҳайати ИИАО напайвастааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.