Ҳукумати Тоҷикистон дар дурнамои миёнамуҳлат дар нақша дорад, ки ҳаҷми ҷалби сармояи хориҷиро ба таври назаррас афзун кунад.
Дар Дурнамои аз ҷониби ҳукумат тасдиқшудаи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҶТ барои солҳои 2021-2023 дар ин робита қайд мешавад, ки соли равон ҳукумат аз ҷалби 682 млн доллар, соли 2021 - 774 млн доллар, соли 2022 - 924 млн доллар ва соли 2023 - 1 млрд 69 млн доллар сармоягузории хориҷӣ интизорӣ дорад.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, соли 2019 ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 607,1 млн долларро ташкил дод, ки 345,9 млн доллараш сармоягузориҳои мустақим ва 261,2 млн доллари боқимонда - дигар сармоягузориҳо мебошанд.
Сармоягузориҳои мустақим асосан ба соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (67% аз ҳаҷми умумии он) равона шуданд.
Ҳамчунин сармоягузории мустақими хориҷӣ ба саноати коркард, нақлиёту алоқа, сохтмон, бахши сайёҳӣ, фаъолияти молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои тиҷоратӣ сурат гирифт.
Дар ҳамин ҳол, наздики 76% аз ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим дар соли гузашта аз Чин ҷалб шуд, ки маблағи умумии он 262,3 млн долларро ташкил медиҳад. Ин маблағ ба рушди соҳаҳое чун иктишоф ва истихроҷи геологӣ, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, нақлиёт ва алоқа равона шуд.
Ҳамчунин баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорон аз Русия (хизматрасониҳои молиявӣ, сохтмон ва алоқа), Британияи Кабир (иктишоф ва истихроҷи геологӣ, хизматрасониҳои молиявӣ), Туркия (саноати коркард, сохтмон ва хизматрасониҳои молиявӣ) ва дигар кишварҳо низ саҳм гузоштанд.
Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли равон ҳукумат бо қарори худ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дастур дод, ки оид ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, дар навбати аввал сармоягузориҳои мустақим чораҳои муассир андешад.
“Дар ҳамдастӣ бо Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давалатӣ оид ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, бахусус афзоиши сармоягузориҳои мустақим ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод тадбирҳои пурсамар андешида шавад”, - зикр гардида буд дар санад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.