Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс барои таъмини рушди бахши телекоммуникатсионии ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад, ки танзимгари соҳа аз аз оператори зертобеъи он ҷудо карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки бахш аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди ҳукумат танзим шуда, ҳамчунин оператори миллии “Тоҷиктелеком” низ таҳти идорааш қарор дорад. Ин оператор ба дастрасии интернет ба кишвар ва фурӯши он ба операторони хусусӣ ҳуқуқи монополӣ дорад.
Зимни конфронси онлайни “Иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони ниҳодҳои байнулмилалӣ ва ширкатҳо, ки аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ гардид, Ян-Петер Олтерс гуфт, вазъияти мавҷуда дар бозор вуруди сармоягузориҳои нави хусусиро ба бахши телекоммуникатсионӣ боздошта, рушди бозори интернетро дар кишвар маҳдуд месозад.
Ба ақидаи ӯ, агар ба Хадамоти алоқа машғул шудан ба тиҷорат дар бозори телекоммуникатсионӣ манъ шавад, ин ба ҷалби сармоягузорӣ, пайдо шудани операторони нави хусусӣ, ҷорисозии зерсохтори муосир, коҳиши арзиши интернет мусоидат намуда, ба ин васила дастрасӣ ба интернет беҳтар мешавад.
Ян-Петер Олтерс аз рушди босуръати бахши телекоммуникатсионӣ дар ҷумҳурӣ давоми солҳои 2000-2015 ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар ин давра рушди солонаи ин соҳа ба ҳисоби миёна 15%-ро ташкил медод.
Ба гуфтаи Олтерс, тайи 5 соли ахир дар робита ба мавқеи ҳукмрон доштани корхонаи давлатӣ дар ин бозор, суръати афзоиш кам шуда, бар асари болоравии арзиш дастрасӣ ба интернет бад ва шумори муштариён коҳиш ёфт.
Моҳи январи соли 2016 Маркази ягонаи коммуникатсионӣ дар назди ҶСК “Тоҷиктелеком” ба кор даромад, ки хизматрасонҳои байнулмилалии алоқа ва трафики интернети ҳамаи операторон ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) тариқи он мегузаранд.
Ӯ зикр кард, ки аз 100 хонавода камтар аз 1-тоашон ба интернети васеъхат (асосан дар шаҳрҳо) ва танҳо 35%-ашон ба интернети мобилӣ дастрасӣ доранд.
Ҳамчунин намояндаи Бонки ҷаҳонӣ таъкид дошт, ки дастрасии корхонаҳо ба хизматрасониҳи рақамӣ маҳдуд аст.
“Вазъияти мавҷудаи марбут ба дастрасӣ ба интернет дар кишвар ба рушди иқтисодӣ монеъа эҷод мекунад, аз ҷумла ба тағйиру бозсозии соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ”, - илова кард ӯ.
Дар маърӯзаи директори Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандӣ дар сиёсати Интернет” дар Тоҷикистон Муҳаммади Ибодулло таъсиси танзимгари мустақил дар бахши телекоммуникатсионӣ тавсия шуд.
Инчунин ӯ баргузории санҷиши асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, коҳиши сарбории андоз ва ислоҳот дар низоми тайёр кардани мутахассисонро дар соҳаи технологияҳои иттилоттӣ-коммуникатсионӣ пешниҳод намуд.
Мувофиқи раддабандии Speedtest Global Index, байни 140 кишвари саросари дунё Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ мақоми 128-ум ва аз рӯйи суръати интернети ноқилӣ байни 175 кишвар - зинаи 99-умро ишғол мекунад.
Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, то аввали соли ҷорӣ шумори корбарони Интернет дар Тоҷикистон зиёда аз 3,3 млн нафар ва муштариёни алоқаи мобилӣ - беш аз 6 млн нафарро ташкил дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста