Ҳаҷми умумии даромадҳо ба Буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли равон ба зиёда аз 15,4 млрд сомонӣ (беш аз 1,3 млрд доллар) баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда 5,1% ё қариб 783 млн сомонӣ (69 млн доллар) зиёд аст.
Даромади буҷет аз ҳисоби сарчашмаи асосӣ - пардохти андозҳо барзиёд иҷро шудааст, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумӣ 70%-ро ташкил медиҳад.
Ҳудуди 65%-и даромадҳо аз пардохти андоз аз ҳисоби се андози асосӣ ба вуҷуд меояд: ААИ, андоз аз даромад ва андоз аз фоида.
Мақомоти андоз зиёдшавии воридоти маблағро ба буҷет ба "афзоиши иқтисоди кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар шудани маъмурият ва хидматрасонӣ ба андозсупорандагон ва назорати босифат" рабт медиҳанд.
Ҳамчунин, рақамисозии мақомоти андоз, тавсеа ва такмилу беҳбуди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон ва ғайра зикр мешавад.
Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввал буҷет ба андозаи 6,5% ё худ қариб 810 млн сомонӣ (зиёда аз 70 млн доллар) зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда иҷро шуд.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир иҷрои нақшаи пешбинишудаи буҷети ҷумҳурӣ мунтазам таъмин намешуд ва маблағҳои камбуд аз даромад маъмулан охири сол аз ҳисоби кумакҳои сарпарастони байнулмилалӣ рӯйпӯш карда мешуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.