Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастрасӣ ба бандарҳои обии Эрон, ҳамчунин истифодаи имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос барои ҳамлу нақли молу маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар ин бора ӯ зимни нишасти матбуотӣ пас аз гуфтушунид бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ изҳори назар кард.

Аз ҷумла бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиши табодули мол ва тамосҳои башарӣ зарурати рушди зерсохтор ва пайвастани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт.

“Ҷониби Тоҷикистон аз тадбирҳои муштарак барои бунёди роҳҳои заминӣ, ки ду кишварро бо ҳам мепайванданд, истиқбол менамояд”, - гуфт президент.

Бо таъкиди иқтидорҳои кофии мавҷуда дар соҳаи сайёҳӣ, ташаккули низоми мусоиди рафтуомад миёни ду кишвар барои рушди ҳамкориҳо дар ин ҷода мувофиқи мақсад дониста шуд.

Тақвияти минбаъдаи заминаи ҳуқуқӣ ва қарордодӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ҳамчун омили муҳимми тавсеаи муносиботи гуногунҷанбаи босамар арзёбӣ гардид.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш дар Теҳрон аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон дар сатҳи олӣ дар ҳузури сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳим Раисӣ 16 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.

Тибқи маълумоти омории Тоҷикистон, соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон ба 121 млн доллар расид, ки 2 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.