Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур дод, ки барои сохтмони бинои як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ 61 млн сомонӣ (5,6 млн доллар) маблағ ҷудо кунад.

Дар ин хусус дар қарори ҳукумат аз 2 август, ки дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, сухан меравад.

Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки ба сохтмони биноҳои Суди олӣ 5 млн сомонӣ, Вазорати адлия - 5 млн сомонӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 15 млн сомонӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара - 30 млн сомонӣ ва меҳмонхона дар ноҳияи Данғара - 6 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ин ҷо сари маблағгузории иловагӣ ба ин иншоот, ки аллакай дар пойтахт ва ноҳияи Данғара сохта шуда истодаанд, сухан меравад.

Ин маблағҳо ба ихтиёри МД "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи президент (фармоишгар) ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт дода мешаванд.

Маблағи Фонди мазкур ҳамасола аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани даромадҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ зиёд шуда, зимни зарурат ба иҷрои ин ё он фармоишҳои ҳукумат истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаи ахир дар ҷумҳурӣ сохтмони бузургмиқёси биноҳои нави маъмурии вазорату идораҳо ва муассисаҳо ҷараён дорад.

Сохтмони бисёре аз чунин иншоот ба итмом расида, аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд. Баъзе аз дигар иншоот, аз ҷумла биноҳои дар боло зикргардида дар марҳилаи сохтмон қраор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.