Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаи содироти барқи неругоҳи “Роғун”-ро тариқи қаламрави Ӯзбекистон баррасӣ карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Қазоқистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, вазири энергетикаи Қазоқистон Алмасадам Саткалиев бо муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Манучеҳр Сафарзода гуфтушунид карда, дар ҷараёни он ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳоро дар соҳаи электроэнергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр мешавад, ки соли 2023 Тоҷикистон ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки дар он интиқоли барқ аз неругоҳи “Роғун” дар давраи аз соли 2023 то соли 2032 пешбинӣ шудааст.
“Бо қаноатмандӣ баррасии нишондиҳандаҳои техникӣ ва шартҳои тиҷоратии содироти имконпазири барқ аз неругоҳи “Роғун” ба Қазоқистон бо назардошти имконоти техникӣ ва ҷадвали муволфиқашудаи трназити энергия тариқи шабакаҳои Ӯзбекистонро зикр мекунам”, - гуфтааст Саткалиев.
Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки то 15 октябри соли 2024 имконияти имзои созишномаҳо бо ташкилотҳои манфиатдор барои танзими интиқолҳои ғайринақшавии нерӯи барқ миёни низомҳои энергетикии Осиёи Марказиро баррасӣ кунанд.
Ёдрас мекунем, ки мавҷудияти созишномаҳои таъмини нерӯи барқ ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон яке аз шартҳои муҳими дастрасӣ ба маблағгузории хориҷӣ барои лоиҳаи неругоҳи “Роғун” мебошад.
Чанде пеш Заминаи радабандии мустақили Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байнулмилалии радабандии Standard & Poor's Global Ratings зикр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди бастаи маблағгузорӣ, ки ҳудуди 50%-и хароҷотро мепӯшонад, бо консорсиуми қарздиҳандагони бисёрҷониба ва дуҷониба гуфтушунид дорад. Интизор меравад, ки боз боқимондаи нисфи маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ва даромад аз неругоҳе, ки сохта шуда истодааст, сурат мегирад.
Коршиносони S&P таъкид мекунанд, ки бастаи пешакии маблағгузории беруна аз 1,73 млрд доллар дар шакли қарзҳои нимаимтиёзнок, 850 млн доллар грантҳо ва 390 млн доллар қарзҳои имтиёзнок иборат аст. Маблағгузории беруна баъди аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таҳия намудани созишномаҳо оид ба интиқоли барқ бо ҳукуматҳои Қазоқистону Ӯзбекистон дастрас мегардад.
Қаблан зикр гардида буд, ки имсол ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” 5 млрд сомонӣ (ҳудуди 460 млн доллар), аз ҷумла 2,8 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ равона кунад. Дар зарфи 9 моҳ ба идомаи корҳои сохтмон дар неругоҳи “Роғун” 4,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 395 млн доллар) равона шудааст.
Маълумотнома
НБО "Роғун" аз бузургтарин лоиҳа дар соҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқарраршудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Ба истифода додани агрегати охирин соли 2029 дар назар аст.