Вазорати маориф ва илм мегӯяд, тамоми хароҷоти мактаб, аз маоши омӯзгору таъмир то хадамоти коммуналӣ бояд аз буҷаи мактаб пардохт шавад. Оё ин низом риоя мешавад ва чаро ҳанӯз мавҷудияти фасод дар соҳаи маориф яке аз мавзуъҳои доғ боқӣ мемонад?

Мувофиқи як тадқиқоти Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон низ, ки соле пеш бо мақсади муайян намудани сатҳи огоҳии аҳолии кишвар оид ба фасод ва муносибати онҳо ба ин падида гузаронида шуд, соҳаи маориф байни соҳаҳое, ки бештар аҳолӣ бо фасод дучор меояд, дар зинаи аввал қарор дорад.

“Азия-Плюс” талош кард, раванди низоми муайян ва ткқсим намудани меъёри сарикасӣ барои хонандагонро шарҳ дода, сабабу паёмадҳои фасод дар маориф ва роҳҳои пешгирии онро аз мутахассисон пурсон шавад.

Маблағгузории сарикасӣ маблағгузорие, ки дар асоси меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузорӣ тартиб дода шуда, вобаста ба намуд ва шакл, зинаи таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ба сари ҳар як таълимгиранда ва муассисаи таълимӣ муайян ва тақсим карда мешавад.

То 3ҳазору 363 сомонӣ барои як хонанда дар як сол

Аз Раёсати иқтисод ва банақшагирии Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар соли 2025 барои соҳаи маориф 10 миллиарду 900 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Таъмири синфхона
Акс аз сомонаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Ба иттилои манбаъ, ҳоло буҷети соҳаи маориф, аз ҷумла мактабҳо, бо меъёри сарикасӣ муайян шуда, аз 2 ҳазору 156 то 3363 сомонӣ барои як хонанда дар як сол маблағ ҷудо мешавад.

Ҳамчунин, ба он меъёри иловагӣ барои мактаб низ зам мегардад. Яъне буҷаи мактабҳо бо назардошти шумораи хонандагони муассиса ва меъёри як муассиса аз рӯйи формулаи зерин барои як сол муайян мешавад:

Буҷаи муассиса = шумораи хонандагон*меъёр барои як хонанда+меъёр барои як муассиса.

Меъёр барои хонанда ва мактаб низ вобаста ба навъи муассисаҳои таҳсилотӣ фарқ мекунад. Дар соли 2025 ин меъёр чунин аст:

– Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки барои синфҳои аз 1 то 11 муқаррар шудаанд, барои як хонанда 2 ҳазору 156 сомонӣ ва барои худи муассиса 400 ҳазору 321 сомонӣ дар як сол.

– Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ барои синфҳои аз 1 то 9, барои як хонанда 2 ҳазору 688 сомонӣ ва барои худи муассиса 161 ҳазору 183 сомонӣ дар як сол.

– Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ барои синфҳои аз 1 то 4, барои як хонанда 3 ҳазору 363 сомонӣ дар як сол ва барои худи муассиса 58 ҳазору 26 сомонӣ.

Манбаъ афзуд, раванди таҳияи буҷети давлатӣ, ду марҳиларо фаро мегирад.

Марҳилаи аввал, аз моҳи март то моҳи май идома карда, дар ин муддат мактабҳое, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, шумораи хонандагони худро ба ҳолати 1-уми январи соли молиявӣ ба шуъбаҳои маориф равон мекунанд.

Акси марбут.
Акс аз globalpartnership.org

Баъди ин, Раёсати иқтисод ва банақшагирии Вазорати маориф аз раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо шумораи хонандагон, воҳидҳои кории омӯзгорон, воҳидҳои кории роҳбарикунанда, техникӣ ва дигар нишондиҳандаҳои ғайримолии мактабҳоро ҷамъоварӣ ва дар асоси он мониторинг гузаронида, дурнамо таҳия мекунад ва ба комиссияи буҷети давлатии Вазорати молия пешниҳод мекунад. Вазорати молия андозаи ниҳоии хароҷоти буҷети давлатии соҳаи маорифро барои соли оянда муайян мекунад.

Марҳалаи дуввум, Вазорати маориф аз рӯйи он буҷетро барои соли оянда таҳия мекунад ва баъде, ки он тасдиқ шуд, моҳи декабр раёсатҳои молияи вазорат, роҳбарони муассисаҳоро даъват ва бастаи сифрии буҷетро барои соли 2026 пешниҳод мекунад.

Бастаи сифрии буҷет ҳуҷҷати ибтидоӣ мебошад, ки раёсати молия баъди тасдиқи буҷети умумӣ ба роҳбари муассисаи таълимӣ месупорад. Дар он танҳо маблағи умумӣ нишон дода шуда, ҳанӯз ба чӣ хароҷот равона шудани маблағ тақсим нашудааст.

Ба иттилои раёсати иқтисоди Вазорати маориф, роҳбарони мактабҳо дар тақсимоти буҷет мустақиланд.

"Қарори №505-и маблағгузории меъёри сарикасӣ ба директори мактаб ваколат додааст, ки дар тақсимоти маблағ мустақил мебошанд. Ягон кас, на шуъбаи маориф, на раёсати молия дахолат карда наметавонад", - афзуд манбаъ.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, директорони муассиса баъди гирифтани бастаи сифрии буҷет, онро ба моддаҳо тақсим карда, муайян мекунанд, ки пулро барои чӣ сарф мекунанд. Раёсат дар моҳи январ барои маблағгузорӣ иҷозат медиҳад ва таъмини маблағ ваколати раёсатҳои молия аст.

Як мактаб дар шаҳри Ҳисор
Сурат: Вазорати маориф ва илми кишвар

 

Меъёри сарикасӣ чӣ гуна муайян шудааст?

Ба иттилои раёсати иқтисод ва банақшагирӣ, ин меъёр дар натиҷаи таҳлилҳои аз соли 2004 то соли 2007 гузаронидашуда муайян гардида, соли 2007 бо қарори ҳукумати кишвар дар макотиби кишвар ба таври пилотӣ ҷорӣ ва то соли 2010 дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст.

“Вақте ин меъёр қабул гардид, ба сари як хонанда 200-300 сомонӣ муайян гардида буд ва дар соли 2025 аллакай ин меъёр ба 2 ҳазору 156 сомонӣ расид”, - меафзояд масъули раёсат.

Ба қавли манбаъ, ҳар сол ин меъёр бо назардошти афзоиши музди меҳнат, сатҳи таваррум ва имкониятҳои буҷаи давлатӣ танзим (индексатсия) карда мешавад.

“Дар лоиҳаи буҷаи нави соли 2026 ҳамин 2 ҳазору 156 сомонӣ 30% афзоиш дода шуда, барои як хонанда 2 ҳазору 803 сомонӣ пешбинӣ шудааст”, - мегӯяд манбаъ.

Ба иттилои вазорат, дар соли 2026 барои соҳаи маориф 13,7 миллиард сомонӣ пешниҳод шудааст.

 

Ин маблағ кадом хароҷоти мактабҳоро фаро мегирад?

Аз Раёсати иқтисод ва банақшагирии вазорат гуфтанд, агар меъёри маблағгузории сарикасӣ ба андозаи кофӣ индексатсия карда шавад, ҳамаи хароҷоти муассиса, аз маоши омӯзгорону маблағи таъмир, то хариди таҷҳизоту хадамоти коммуналӣ аз ин ҳисоб, яъне аз буҷети умумии мактаб пардохта мешавад.

Акси марбут
Акс аз АМИТ "Ховар"

“Афзалият сараввал ба музди меҳнат дода мешавад. 80% маблағе, ки бо ин меъёр муайян мегардад, барои пардохти музди меҳнати омӯзгорон харҷ мешавад. Хизматрасониҳои коммуналӣ, ҳамчунин омода намудани муассисаҳо ба тирамоҳу зимистон дар зинаи дуюм қарор дорад. Баъдан, барои хароҷоти дигар, чун таъмиру дигар ниёзҳо сарф мешавад”, - тавзеҳ доданд масъулони вазорат.

 

Шикоят аз пулҷамъкунӣ дар мактабҳо

Бо вуҷуди он ки, вазорат иддао дорад, омодагӣ ба тирамоҳу зимистонгузаронӣ ва таъмири муассисаҳо низ аз буҷаи мактаб бояд анҷом дода шавад, ҳар сол дар моварои анҷоми соли хониш масъалаи талаби пул барои таъмири мактаб доғ мешавад. Вазорати маориф низ ҳамасола ба шикояти сокинон дар робита ба пулҷамъкунӣ барои таъмир расман вокуниш нашр мекунад, ки ҷамъоварии маблағ аз хонандагон ғайриқонунӣ аст.

Дар ҳоле ки шикояти сокинон аз фасод дар соҳаи маориф аз масоили доғ боқӣ мемонад, шаффофияти тақсими маблағи буҷет то ба мактабҳо зери суол меравад. Агар барои тамоми хароҷоти мактабҳо аз буҷа маблағ ҷудо шавад, пас чаро шикоятҳо аз фасод дар маориф кам намешавад ва барои он чӣ бояд кард?

Дар тадқиқоте, ки Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор сокини кишвар соли гузашта гузаронид, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои фасодзада дониста шуда, сабабҳои асосиаш сатҳи пасти музди меҳнат ё шароити зиндагӣ ва кӯшиши ба даст овардани даромади иловагӣ гуфта шудааст.

Ҳамчунин, аксари касоне, ки дар тадқиқот иштирок кардаанд, ба саволи “Маблағ, туҳфа ё хизматрасоние, ки Шумо пешниҳод намудед, хоҳиши худатон буд ё ба Шумо ишора карданд?” гуфтаанд, ки “аз онҳо талаб кардаанд”.

Акс аз Радиои Озодӣ

Аксари пурсидашудагон сахттар кардани ҷазо барои ҷиноёти марбут ба фасод, зиёд шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва барканорӣ аз мансабро аз роҳҳои асосии мубориза ва коҳиш додани сатҳи фасод гуфтаанд.

 

“Таҳлил ва маълум кардани сабади истеъмолӣ”

Як аз коршиносони тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” чанд роҳеро, ки метавонад барои беҳтар гардидани сатҳи фасод дар кишвар кумак кунад, зикр кард.

Ба гуфтаи ӯ, тарбияи зиддикоррупсионӣ, ташвиқоту тарғиботи мубориза бо фасодро аз кӯдакистон бояд оғоз кард. 

Ҳамсуҳбати мо афзуд, таҳияи силсилабарномаҳо вобаста ба шарҳи санадҳое, ки марбут ба фасод қабул мешаванд ва пахши мунтазами онҳо дар радиову телевизионҳои маҳаллӣ аз роҳҳои дигари таъсиррасонӣ метавонад бошад.

Ҳамчунин, таҷрибаи байналмилалӣ, аз ҷумла кишварҳое, ки дар мубориза бо фасод муваффақ шудаанд, аз назари коршинос метавонад намунаи хуби мубориза бо фасод гардад.

Роҳи дигари кам кардани фасод, таҳлили сабади истеъмолӣ бо муқоиса ба музди меҳнати кормандони аз ҷумла соҳаи маориф гуфта шуд.

“Дуруст аст, ки маоши хизматчиёни давлатӣ ҳар сол то андозае баланд мешавад. Лекин бозорро бояд таҳлил кард, ки сабади истеъмолӣ чӣ қадар арзиш дорад ва маош чанд сомонӣ аст”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи коршинос, ҳатто доираҳои илмӣ ҳавасманд нестанд, ки вобаста ба фасод таҳқиқотҳои амиқ гузаронида, сабабу омилҳо ва чораҳои решакан кардани фасодро муайян кунанд.

Шикотяҳо аз пулҷамъкунӣ барои таъмири синфхлонаву дигар хароҷоти мактаб дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар  дар суханронии худ дар рӯзи 1-уми сентябр аз таҷрибаи беасос ситонидани маблағ аз хонандагон, аз ҷумла барои зодрӯзи омӯзгорон интиқод карда аз роҳбарони вазорати маориф ва шуъбаҳои маориф хост то “ба ин ҳолатҳо қатъӣ хотима бахшанд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.