Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои барқӣ, сабаби асосии сӯхтор дар бинои ҳукумати Исмоили Сомонии пойтахт унвон мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилии кишвар хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ,
сӯхторхомӯшкунандагон тавонистанд, 4 корманди ҳукумати ноҳияро, ки дар ошёнаи сеюми бино дар асорати дуд уфтода буданд, наҷот диҳанд.
Сӯхтор дар бинои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, субҳи имрӯз, дар утоқи шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия, воқеъ дар ошёнаи дуввум дар натиҷаи бе назорат гузоштани асбоби гармидиҳии барқӣ сар задааст. Бар асари оташсӯзӣ, адади зиёди таҷҳизот пурра сӯхта нобуд гардиданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, масоҳати сӯхтор 50 метри мураббаъро ташкил дода, зарари аз он расида ба беш аз 12 ҳазор сомонӣ баробар будааст.
Ба иттилоъи манбаъ, ҳ
афтаи сипаришуда дар ҷумҳурӣ 31 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии 91 ҳазору 430 сомонӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Масоҳати умумии оташсӯзиҳо, 1 ҳазору 420 метри мураббаъро ташкил дод. Сабабҳои асосии ин сӯхторҳо, оташбозии кӯдакон, пайвасти нодурусти ноқилҳои барқӣ, вайрон кардани қоидахои бехатарии зидди сӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои газию барқӣ ва расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон шудаанд.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста