Аз ҳодисаи тармафароиҳои зиёд дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, ки бар асари он 9 нафар ҳалок шуданд, чанд рӯз сипарӣ шуда, вале ному насаби ҳалокшудагон то ҳол маълум нест. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора маълумот надоранд.

Танҳо номи корманди милитсияи ҳалокшуда Саюмарс Гулмадов маълум аст, ки ҳангоми кӯшиши ёрӣ ба одамон зери тарма мондааст. Ҷустуҷӯи боз як нафари зери тарма монда идома дорад.

КҲФ бо истинод ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳад, ки як тан аз қурбониёни тарма дар шаҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” Фариза Носирова, донишҷӯи Донишгоҳи тибии Данғара будааст. Вай бо ҷумла ҳароҳонаш ба идомаи таҳсил аз Хуҷанд ба Данғара бармегаштаанд. Чор тан бо фирор ҷон ба саломат бурдаанд, вале Фариза зери ғарами барф мондаву ба ҳалокат расидааст.

Сардори маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсупова ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки наҷотдиҳандагони Кумита рӯйхати ҳалокшудагонро дар даст надоранд, чунки ба масъалаи муайян кардани шахсияти фавтидагон ВКД машғул шуда, кормандони Кумита ба мардум кумак мекунанд.

Дар навбати худ, Вазорати корҳои дохилӣ изҳор медорад, ки рӯйхати ҳалокшудагон бар асари офати табииро дар даст надоранд. «Ин ҳодисаи куштор нест, ки мо шахсияти ҳалокшударо муайян намоем. Ин танҳо як ҳодисаи нохуш аст», - гуфтанд дар Вазорат.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти КҲФ, шабонарӯзи гузашта бар асари боришоти зиёд дар қитъаҳои роҳи Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Ҷиргатол, Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Дарвоз боз тарма фаромада, қитъаи роҳи аз километри 54 то 71-уми роҳи Душанбе - Хуҷанд баста аст.

Барои тоза кардани роҳ аз барфрезаву тармаҳо хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions аз ҳарду тараф 6 адад техника ҷудо кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳистон худдорӣ намуда, бодиққату ҳушёр бошанд.