Сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Дилдор Мақсудшоеви 60-сола нимаи дуюми рӯзи 13 сентябр ҳангоми гусели Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе ҷароҳат бардошта, ба ҳалокат расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ ШВКД ноҳияи Дарвоз хабар дод.

Ҳангоми боло шудани чархбол ӯ дар масофаи хеле наздик ба он қарор дошта, шамоли сахти парраҳои чархбол ӯро ба гилем мепечонад. Сипас ин шамол гилемро ҳамроҳ бо сардори фурудгоҳ ба болои санги калони паҳлӯ меафканад. Аз ҷароҳатҳои бархӯрд ба санг Дилдор Мақсудшоев дар роҳ ба бемористон фавтид.

Мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ ин воқеаро як тасодуф ё худ ҳодисаи нохуш арзёбӣ мекунанд.

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ маросими дафни Дилдор Мақсудшоев дар назар аст.