Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори “Азия-Плюс” субҳи имрӯз дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби шахсони ношинос мавриди латукӯб қарор гирифт: ӯ барои таҳияи гузориш дар бораи оилаҳои аз офати табиӣ осебдида ба ин ноҳия рафта буд.
Тавре худи Абдуллоҳ мегӯяд, вақте ба хаймаҳое, ки дар он оилаҳои осебдидаи Уялӣ зиндагӣ мекунанд, наздик шудааст, автомашинаи “Opel” наздаш омада, аз он чанд ҷавон баромаданд ва ӯро ба иғвогарӣ гунаҳкору ҳамла мекунанд.
“Ман ба онҳо фаҳмониданӣ шудам, ки рӯзноманигорам ва барои таҳияи гузориш ин ҷо омадаам, лекин онҳо ба гапҳои ман гӯш надода, якеашон ба латукӯби ман оғоз карду дигарон тамошо мекарданд. Касе, ки маро зад, худро роҳбари ҷамоат муаррифӣ кард”, - изҳор дошт хабарнигор.
Мо ба ВКД Тоҷикистон тамос гирифтем, то ки шарҳи онҳоро дастрас кунем.
Дар хадамоти матбуоти Вазорат ба рӯзноманигор тавсия доданд, ки бо ариза ба мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад.
“Онҳо ҳолатҳои ҳодисаро таҳқиқ карда, гунаҳкоронро пайдо мекунанд. Агар ҳамлагар худро муаррифӣ карда бошаду рӯзноманигор рақамҳои давлатии автомашинаро дар ёд гирифта бошад, пайдо кардани гунаҳкорон ба кормандони милитсия осонтар мешавад”, - қайд карданд дар он ҷо.
Дар хадамоти матбуот инчунин зикр карданд, ки ин далелро зери назорат мегиранд.
Гунаҳкорон алҳол пайдо нашудаанд
Ин ҳамлаи дуюм ба рӯзноманигори мо мебошад: шоми 11-уми май Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди хонааш аз ҷониби шахсони номаълуми ниқобпӯш латукӯб шуд.
Ба ин ҳодиса созмонҳои байнулмилалӣ ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон вокуниш нишон дода, аз ҳукумат даъват карданд, ки гунаҳкорони ҳамла ба рӯзноманигор дарёфт ва муҷозот шаванд.
ВКД Тоҷикистон рӯзи 15-уми май аз рӯйи далели латукӯби хабарнигор мутобиқи моддаи 237, қ. 2, банди “б” (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.
Дар ВКД имрӯз ҳамчунин хабар доданд, ки тафтиши ин далел идома дошта, ҳамлагарон то ҳол барои тафтишот номаълуманд.
“Ин ҳодисаро ШВКД-и ноҳияи Рӯдакӣ тафтиш мекунад, ки ҳамла дар ҳамон минтақа ба амал омад. Дар ҷойи ҳодиса камераҳои мушоҳидавӣ буданд. Мо сабтҳоро аз назар гузаронидем, лекин дар онҳо симо (чеҳра)-и ҳамлагарон дида намешавад. Сабти камераҳо аз дур буда, муайян кардани рақами давлатии мошине, ки ҳамлагрон бо он ҷойи ҳодисаро тарк карданд, ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҷараёни тафтиш мушкил шудааст, лекин муфаттишон корро идома дода истодаанд ва гунаҳкорон дарёфт шуда, назди қонун ҷавоб мегӯянд”, - гуфтанд дар хадамоти матбуоти Вазорат.
Дар ин маводи мо тафсилоти ҳамла ба Абдуллоҳ ва таҳдидҳои ба унвони ӯ ирсолшуда инъикос ёфтаанд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз соли гузашта дар “Азия-Плюс” ба фаъолият пардохта, қаблан бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард. Асосан ба таҳияи маводи видеоӣ машғул аст: аз ҷойи ҳодиса гузориш дода, ҳамчунин дар кӯчаҳо назарсанҷӣ мегузаронад. Чанде пеш дар лоиҳаи нави “Азия-Плюс” – “Навбатдор дар шаҳр” ба сифати ровӣ гузориши навбатӣ таҳия кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста