Ду ҷавон аз Тоҷикистон кӯдаконро аз сӯхтор наҷот доданд. Сӯхтор дар минтақаи шарқи шаҳри Маскав рух дод, хабар медиҳад шабакаи Telegram-и “Москва 24”.
Бино ба маълумоти шабака, Далер ва Фирдавс низ дар ҳамон бинои панҷошёна бо суроғаи Кубинка 5, ки дар он сӯхтор сар задааст, зиндагӣ мекардаанд.
“Мо аз кор омада, истироҳат карданӣ будем, ки садои таркишро шунидем. Фирдавс гуфт, ки биё биравем бубинем, ки чӣ гап аст, шояд кумак лозим бошад”, - нақл кардааст Далер.
Ба гуфтаи падари кӯдакон, ҳангоми сӯхтор ҷавон аз тиреза гуфтааст: “Кӯдакро ба ман диҳед” ва бо зинапояи оташнишонӣ ӯро ба поин фаровардааст.
“Ба тиреза нигоҳ кардам, ки як ҷавоне бо зинапояи оташнишонӣ боло меояд ва гуфт: “Кӯдакро ба ман диҳед”. Духтарамро ба дасти ӯ додам ва онҳо поин фаромаданд. Дар фикри додани писарчаамон будем, ки кормандони мақомоти ҳолатҳои фавқулода расиданд. Онҳо боло баромада, ба ӯ ниқоби кислородӣ бастанд ва ба поин расониданд. Дар пайи онҳо мо ҳам фаромадем. Лозим аст, ки чунин одамон зиёд бошанд. Агар онҳо намебуданд, намедонистам, ки ҳоли мо чӣ мешуд”, - гуфтааст падари кӯдакон ва ба ҷавонон изҳори миннатдорӣ кардааст.
Тавре "Москва 24" хабар медиҳад, дар яке аз биноҳои истиқоматии Маскав субҳи 26 январ сӯхтор сар зада, оташ майдони 55 метри мураббаъро фаро гирифтааст. 16 нафар наҷот дода шудаанд. Сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқ мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.