Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон, ки дар маҳофили сиёсии Русия фаъол аст, шоми 17-уми январ дар саҳфаи Твиттераш навишт, ки ба пешвози Алексей навалний рафта буд ва ҳамроҳи чанд нафари дигар дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав онҳоро боздошт кардаанд.
Худи Навалний ҳам баъди бозгашт аз Олмон дар фурудгоҳи Шереметовои Маскав боздошт шуд. Қарор буд ҳавопаймои ҳомили Навалний дар фурудгоҳи Внуково фуруд ояд, вале макони фуруди он тағйир дода шуд. Раҷабов ҳам навиштааст, ки ӯ бо мушкилоти зиёде ба фурудгоҳи Шереметова омада буд.
Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки пешвозгирандагону ҳаводорони Навалнийро ба бахши навбатдории фурудгоҳ бурдаанд.
Самариддин Раҷабов як ҷавони зодаи Тоҷикистон аст, ки дар Русия фаъолииятҳои сиёсиву ҷамъиятӣ дорад ва соли 2019 бо иттиҳоми "кӯшиши истифода аз зӯр ба зидди мақомот" боздошт шуда буд ва баъадан 100 ҳазор ҷарима пардохту озод шуд, ки Раҷабов борҳо ин иттиҳомро рад кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бахилӣ намекунад: Достони ризокори 33-сола дар Хуҷанд, ки ба дигарон бепул забони хориҷӣ меомӯзонад
Роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ боз шуданду лекин на барои ҳама
Моҳи март тоҷикистониён 13 рӯз истироҳат мекунанд
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки дар сомонаи фишингӣ қарор доред?
Барфи ногаҳонӣ ва шояд охирини имсол дар Душанбе
Ҳукумат ӯро “душмани халқ” карду мардум пирӯзи интихобот
"Азия-Плюс" рӯзноманигорони шаҳрвандиро барои ҳамкорӣ даъват мекунад
Пардохти хизматрасониҳои электронии хориҷӣ дар Тоҷикистон боз имконпазир шуд
Ба футболбози тоҷик 25 ҳазор рупияи ҳиндӣ тақдим шуд
Шоири тоҷик академики байналмилалии адабиёти рус интихоб шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста