Рӯзи 14 феврал тахминан соати 10-и субҳ дар мавзеи Шош-Хоруғи ВМКБ тарма фаромада, якчанд хона ва одамон зери он монданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти КҲФ ҶТ Умеда Юсуфӣ.

Айни замон, ба гуфтаи ӯ, наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ, неру ва воситаҳои Низоми давлатии ягона оид ба рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодаи ВМКБ дар ҷойи ҳодиса машғули коранд.

“Панҷ нафар, аз ҷумла як кӯдаки 5-сола зери тарма монда, лекин базудӣ аз асорати барф озод карда шуданд”, - хабар дод Юсуфӣ.

Дар навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки чӣ гуна сокинони маҳаллӣ барои тоза кардани манзилҳо аз барф кумак мекунанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулолаи ҷумҳурӣ, дирӯз, 14 феврал дар қаламрави ВМКБ 9 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

Кумита хабар дод, ки дирӯз дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Роштқалъа, ки аз тариқи қаламрави деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти ба номи Қурбоншо Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ мегузарад, бар асари барфрезии зиёд тарма фаромад.

Ин вақт микроавтобус бо 10 мусофир (8 мард ва 2 зан) аз роҳ мегузаштааст. Тарма микроавтобусро пӯшонида, сипас он ба ҷарии 5-метра чаппа мешавад ва ба соҳили дарёи Шоҳдара партофта мешавад.

“Пас аз расидани хабар гурӯҳи навбатдори наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ ҳамроҳи дастаи ихтиёриёни имдодгарони Агентии Оғо Хон оид ба Ҳабибат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд”, - мегӯянд дар КҲФ.

Вақте ки имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд, маълум мешавад, ки ҳамаи мусофирон зинда монда, бархе осебҳои гуногун дидаанд. Онҳо осебдидагонро аз автомашина берун оварда, ба бемористони Хоруғ бурдаанд.

Сурат: КҲФ

Қаблан Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ аз боришоти пуршиддат дар рӯзҳои наздик огоҳ карда буд.

Рӯзҳои 15-17 феврали соли ҷорӣ дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ба амал омадани боришот (борон, барф)-и бошиддат пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ дархост менамояд, ки аз сафару сайругашт ба қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма худдорӣ қарда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.