Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Русия мавориди ҳамла ба муҳоҷирони хориҷӣ афзоиш ёфта ва тайи се рӯзи ахир расонаҳои он кишвар аз қатли як табаъаи Тоҷикистон ва захмӣ шудани ду нафари дигар хабар додаанд.
Ба гуфтаи Салими Хатлонӣ, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 9-уми октябр Исроил Табаров, 24-сола, дар минтақаи ғарбии шаҳри Маскав аз сӯйи афроди ношинос ба зарби корд кушта шудааст.
Баъдан расонаҳои Русия аз боздошти се табаъаи Тоҷикистон ба ҷурми даст доштан дар қатли оқои Табаров хабар доданд.
Бо ин ҳол, ба гуфтаи Салими Хатлонӣ, бозрасии ҳодисаи қатли Исроил Табаров тоза шурӯъ шуда ва ҳанӯз ҷузъиёти он рӯшан нашудааст.
Ҳамзамон, оқои Хатлонӣ хабар дод, ки бо мусоъидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷасади Исроил Табаров ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.
Пас аз як рӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷасади Фирдавс Бобоеви 29-сола, муҳоҷири дигари тоҷик низ, ки дар ширкати мавсум ба «Реконструксия» кор мекард, пайдо шудааст. Гуфта мешавад дар бадани ӯ захмҳои зиёди корд ба ҷо мондааст.
Тибқи иттилоъи Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи душанбе дар шаҳри Маскав афроди номаълум ба ду тан аз атбоъи дигари тоҷик ҳамла карда ва ба зарби корд онҳоро шадидан захмӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Русия иллати афзоиши ҳамалот ба муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишварро ба қатли Анна Бешнова, духтаре ноболиғ, марбут хондаанд.
Ҳарчанд мақомоти интизомии Русия омилони ин ҳодисаро ҳанӯз ошкор накардаанд, вале тибқи ахбори расонаҳо, бархе гурӯҳҳои нажодпарасти рус ин ҳодисаро кори дасти муҳоҷирони хориҷӣ донистаанд.
Гузоришҳои расида аз Маскав ҳокист, ки дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 10 тан аз атбоъи Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Арманистон ва Туркия, ки дар ин шаҳр кор ва зиндагӣ мекарданд, ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпарасти рус қарор гирифтаанд.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 400 тан аз атбоъи тоҷик дар Русия ба иллати беморӣ ва сонеҳа фавт карда ва ё аз сӯйи афроди номаълум кушта шудаанд.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста