Раёсати тафтишоти ВКД Тоҷикистон тафтиши парванда нисбати Фаромӯз Саидоваи 23-сола, писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидовро қатъ кардааст.

«Дар хулосаи муфаттишони ВКД қайд шудааст, ки садамаи нақлиёт ба асари нуқси техникии автомашина рух дода, омили инсонӣ дар ин ҳодиса ошкор нашудааст», - хабар доданд дар Прокуратураи генералӣ.

Зимнан зикр гардид, ки асоснок будани қатъи парвандаи мазкурро Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор додааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода рӯзи 20 январ ба рӯзноманигорон доир ба қатъи ин парванда хабар надода буд. Ӯ дар ин робита изҳор намуда буд, ки ҷиҳати омӯзиш ба Прокуратураи генералӣ додани парванда дастур додааст.

Гуфтаҳои худро вазир бо он асоснок кард, ки натиҷаҳои якчанд ташхис мухолифи якдигаранд, вале саҳеҳан дар бораи ҷузъиёти ин ташхисҳо маълумот надод.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи далели садамаи марговари нақлиёт бо иштироки Фаромӯз Саидови 23-сола мутобиқи моддаи 212, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвнадаи ҷиноӣ боз шуд. Ба тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур Вазорати корҳои дохилӣ машғул шуда, назорат аз болои тафтишот аз ҷониби Прокуратураи генералӣ амалӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри»-и Фаромӯз Саидови 23-сола, писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ба автомашинаи корҳои таъмиру роҳсозии хадамоти коммуналии шаҳр бархӯрда, бар асари он 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса шаби рӯзи 10 сентябри соли гузашта дар мавзеи наздики боғи ҳайвоноти пойтахт рух дода буд.

Он замон модари Фаромӯз дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд, ки ҳангоми садама писараш сархуш набуда, ин ҳодиса бар асари мушкилоти техникӣ бо автомашина ба вуқӯъ пайвастааст.