Чанде аз собиқ маҳкумшудагон такроран ҷиноят содир карда, боз паси панҷара рафтанд. Дар ин бора аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд.

“Зиёда аз 200 нафар авфшудагон дар соли 2019 зимни такроран содир кардани ҷиноят боздошт шуданд. Аксари онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, боз дар ҳабс қарор доранд”, - гуфт зимни нишасти матбуотии рӯзи 14-уми феврал вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.

Тибқи маълумоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, соли гузашта 10 ҳазору 574 кас мавриди авф қарор гирифта, беш аз 6 ҳазор нафар аз адои ҷазо озод карда шуданд.

Дар бораи чанде аз ҷиноятҳое, ки собиқ зиндониёни авфшуда содир карданд, хадамоти матбуоти ВКД иттилоъ дода буд.

Тавре дар гузориши телевизионӣ хабар дода шуд, кормандони милитсия дар ноҳияи Вахш мардеро бо гумони таҷовуз ба номуси духтари 8-сола дастгир карданд. Ин ҳодиса баъд аз озод шудани гумонбар аз зиндон пас аз авф ба вуқӯъ омадааст.

“Рамазон Салимови 38-сола дар заминҳои чарогоҳи ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб як ноболиғи ҳаштсоларо, ки ба чаронидани чорво машғул буд, дохили заҳкаш бурда, нисбат ба ӯ кирдорҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ содир кардааст, - зикр гардида буд дар гузориш. - Гумонбар пас аз чанд соати ин ҷиноят ба нобилиғи дигар дарафтода, бо роҳи зӯрӣ аз ӯ 1 дастгоҳи аудиовизуалиро тасарруф кардааст”.

Ба ақидаи коршиносон, собиқ зиндониёни авфшуда баъди ба озодӣ баромадан ба шароити душвори зиндагӣ дучор шуда, ҷойи корӣ намеёбанд ва боз роҳи ҷиноятро пеш мегиранд.

Мо дар бораи ба куҷо муроҷиат кардани шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, шахсони аз зиндон озодшуда барои ёфтани ҷойи кор, чӣ гуна барқарор кардани ҳуҷҷатҳо, чӣ хел дастрасӣ пайдо кардан ба кумаки тиббӣ ва ҳуқуқӣ мавод нашр карда будем.

Бино ба маълумоти ВКД, соли 2019 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар маҷмӯъ 21946 ҷиноятҳоро ба қайд гирифтаанд, аз ҷумла, 90 далели одамкушӣ,  126 – расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 46 – таҷовуз ба номус, 28 – ҳамлаҳои роҳзанӣ, 5 – хариду фурӯши одамон, 140 – ғоратгарӣ, 1139 – авбошӣ, 2294 – қаллобӣ, 5328 – дуздӣ, 32 – тамаъҷуӣ. Дар ин давра ноболиғон – 873 ва ҷавонон – 5035 ҷиноят содир кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.