Беш аз 10 нафар маҳбусони собиқ, ки чанде қабл мавриди авф қарор гирифтанд, боз ба ҷиноят даст заданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод.

“Таҷриба гувоҳи он аст, ки на ҳамаи шахсони озодшуда ба қадри ин иқдоми башардӯстона мерасанд ва мутаассифона, боз роҳи ҷинояткориро пеш мегиранд”, - гуфт номбурда.

Ба қавли ӯ, дар навбати худ мақомоти милитсия шахсонеро, ки чанде пеш аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шуданд, таҳти назорат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз ШВКД дар ноҳияи Вахш хабар доданд, сокини 38-солаи ноҳия Рамазон Салимов аллакай дар рӯзи дуюми раҳоӣ аз маҳбас даст ба ҷиноят зада, боздошт шудааст.

“Рамазон Салимов мувофиқи қонун “Дар бораи авф” рӯзи 28-уми октябр ба озодӣ баромад. Бегоҳии рӯзи дигар ӯ хонандаи мактабро боздошта, бо таҳдид плейери ӯро гирифтааст. Кормандони милитсия ӯро боздошт карданд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад. Рамазон Салимов пештар барои дуздӣ маҳкум шуда, 6 сол адои ҷазо кардааст”, - хабар доданд дар ШВКД-и ноҳия.

Ёдрас мекунем, ки 25-уми октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” имзо гузошт. Татбиқи авф дар нисбати беш аз 20 ҳазор нафар ҷараён дорад.

Чанде пеш мо аз муассисаи ислоҳии №7 дар Душанбе боздид кардем, ки зиёда аз 500 нафар аз он ҷо озод шуданд. Бубинед, ки онҳо ба мо чӣ нақл карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.