Роҳбар ва назортачии маркази дилхушии “Шоми Хатлон” дар шаҳри Душанбе барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ба муҳлати 5-шабонарӯз ба ҳабсӣ маъмурӣ гирифта шуданд.
Дар ин бора, маркази матбуотии Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки 18-уми августи соли ҷорӣ? соати 22:50 масъулони тарабхона реҷаи кориро дар шаб вайрон намуда, берун аз вақти муқарраргардида ба фаъолият машғул шудаанд.
Гуфта мешавад, ки масъулини тарабхона бо овози баланду гушхароши мусиқӣ ва дашному ҳақоратҳои мизоҷони худ оромии сокинонро халалдор ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
- Ин амали онҳо боиси норозигии шаҳрвандон гардида, новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ маъмурияти ин маркази дилхушӣ ба фаъолияти ғайриқонунии худ идома додаанд,-менависад Раёсати ВКД.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ки нисбати роҳбари тарабхона Миров Ғолибҷон ва назоратчӣ Шеров Сомон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти тарабхона 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Душанбе чӣ гуна Соли навро истиқбол мегирад?
Романи “Ҷанг ва олами афғонҳо”-и Абдуғаффор Абдуҷаббор ба чоп расид
Аз ҳоҷиталбону тӯйи арӯсӣ то мошинронӣ дар ҳолати мастӣ. Соли оянда ҷаримаи кадом қонуншиканиҳо чӣ қадар зиёд мешаванд?
Нахустин вохӯрии гурӯҳҳои типографии Тоҷикистону Қирғизистон баъди пурра муайян кардани хатти марзи ду кишвар
Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста