Мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Русия боз ба рӯзи 29-уми декабр гузошта шуд. Қарор буд, рӯзи 22-юми декабр охирин мурофиа доир ва гумонбари ин ҳодисаи пурсарусадо ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Дирӯз, мурофиаи додгоҳӣ баъди чор моҳи таъхир аз сар гирифта шуд, вале бидуни ҳеч натиҷае ба охири моҳ ба таъхир гузошта шуд.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки боз ҳам мисли мурофиаҳои қаблӣ аз ҷониби ҳимоятгари гумонбар ҳар гуна баҳонаҳо пеш оварда шуд. Саидов, гуфт, ҳар баҳонае, ки ҷониби гумонбар пеш меоварданд, ҳимоятгари хонаводаашон баҳонаҳои онҳоро бо далелҳо шарҳ медод ва рад мекард.
Ӯ гуфт, дар ин мурофиа барои ҳимояти онҳо шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия омада буданд ва умед буд охирин мурофиаи додгоҳӣ мешавад.
«Мурофиа аз соати тақрибан се оғоз гардида, 4 соат идома кард. Дигар хаста шудам, ҳамаи он гуфтаҳое, ки аз ҷониби додрас садо медод, дар сарам ҷо карда наметавонистам»,- мегӯяд Саидов
Ҳоло бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳамсари Саидов ҳам аз Тоҷикистон ба Русия рафтааст ва мунтазири охирин ҷалсаи додгоҳӣ ҳастанд, ки бубинад додгоҳ дар баробари гумонбари ҳодисаи гӯшношуниди қатлу таҷовузи духтари панҷсолаашон чӣ ҳукме содир мекунад.
Ҳодиса рӯзи 22 июли соли 2018 замоне рух дод, ки Ҳувайдои ғӯрамарг дар назди хонаашон дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад. Ҷасади ӯро субҳи рӯзи дигар дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии он маҳал пайдо кардаанд.
Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар дода буданд, ки ба гумони даст доштан дар куштори ваҳшиёна ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Сёмин боздошт гардид. Гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шуд. Он замон додгоҳи шаҳри Серпухово амр дода буд, ки Александр Сёмин дар боздошт бимонад, зеро барои атрофиён хатар дорад.
Бо вуҷуди он ки Сёмин гуфта буд “дар ин ҷиноят даст надорад”, додгоҳ гуфт, далелҳои пешниҳодкардаи муфаттишон возеҳ нишон медиҳанд, ки ӯ дар таҷовузи ҷинсӣ ва қатли Ҳувайдо Тиллозода даст дорад.
Падари Ҳувайдо, Абдусалом Саидов он замон рафти ҳодисаро чунин шарҳ дода буд: “Ҳамааш дар 5-10 дақиқа рух дод. Ҳамроҳ бо ҳамсарам дар назди хона будем. Вориди мағоза шудам ва ҳамсарам кӯдаки хурдиро бинам гуфта, аз он ҷо каме дуртар рафтааст. Дар байни 5-10 дақиқа кӯдакро дуздиданд. Соатҳои панҷи бегоҳ буд, ки дуздиданд. Соати 4 саҳар пайдо кардем. Ҷасадаш дар дохили сумка буд”.
Ҷасади Ҳувайдоро рӯзи 25 июли соли 2018 ба Тоҷикистон оварданд ва дар зодгоҳаш дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Доналд Трамп ва Владимир Путин дар дуввумин суҳбати телефонии худ чӣ гуфтанд?
Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока ба муносибати ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон. Дар куҷо ва нарх чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста