Раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуоти рӯзи 2-юми феврал сохторҳои фасодзадаи кишварро номбар кард, ки дар ин миён ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, маориф, тандурустӣ, замин ва соҳаи бонкдорӣ дар раддаи авал қарор доранд.
Султонзода гуфт, шумораи бештари амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ бо 281 ҷиноят, соҳаи маориф ва илм бо 139 ҷиноят, замин ва геодезӣ 149 бо ҷиноят, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо 90 ҷиноят, ширкати “Барқи тоҷик” ва шабакаҳои фурӯши барқ бо 101 ҷиноят ва бонкҳои давлативу тиҷортӣ бо 157 ҷиноят дар раддаи аввал қарор доранд.
Ҳамчунин, дар ин давра аз ҷониби кормандони меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 29 ҷинояти коррупсионӣ, корҳои дохилӣ 69, мудофиа ва фарҳанг 28, нақлиёт 22, ҳифзи муҳити зист, ҳокимияти судӣ 23 ва дигар корхонаҳои давлатӣ 216 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудастааст, - гуфт Султонзода.
Ин ниҳод ҳамчунин, дар соли 2021-ум 101 ҳолати дар як ниҳоди давлатӣ кор кардани хешовандонро ошкор намудааст, ки аз ҳама бештар он дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист (23 ҳолат) ва Вазорати маориф ва илм (12 ҳолат) ҷой доштааст.
- Чунин амал, ҳамчунин дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4 ҳолат, дар Вазорати фарҳанг 5 ҳолат, Вазорати молия, Хоҷагии манзилию камуналӣ ва Кумитаи телевизион ва радио 1 ҳолатӣ, Кумитиа замин ва геодезӣ 4 ҳолат, Акдемияи миллии илмҳо 2 ҳолат, “Барқи тоҷик” 4 ҳолат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 3 ҳолат ошкор шудааст,- гуфт раиси Оҷонсии зиддифасод.
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2021 нисбати ҳеҷ як корманди оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ин ниҳод, 10 ҳолати аз ҷониби мансабдорон вайрон кардани қонуни танзим, анъана ва ҷашну маросимро ошкор намудааст, ки инҳо яке устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, дигаре корманди шабакаҳои интиқоли барқи шаҳри Бохтар, корманди ШВКД дар шаҳри Норак, корманди Бонки миллии Тоҷикистон, корманди Маркази саломатии №4 шаҳри Душанбе ва ғайраҳо буданд
Сулаймон Султонзода афзуд, ки Оҷонсӣ дар соли 2021 дар Тоҷикистон нисбати 1274 нафар шаҳрванд 2088 ҷинояти коррупсионӣ ошкор намуд, ки 885 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешаванд.
Султонзода таъкид кард, ки дар пайи таҳқиқи парвандаҳо 1466 парвандаи ҳуқуқвақронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандаҳо ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст..
- Дар соли 2021 17 ҷиноят вобаста ба фурухтани чиптааи ҳавопаймо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ошкор шудааст. Масалан як корманди Кумитаи бехатарии озуҷаворӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон барои фурухтани 46 адад чипта 429 ҳазор сомонии аҳолиро гирифта ягон амал иҷро накардааст. Ӯ дастгир ва нисбаташ парванда боз гардид, - гуфт, Сулаймон Султонзода.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Эрон ба номаи Доналд Трамп тавассути Уммон посух додааст
Таъсиси Шӯрои алоҳида барои пешгирии хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ ба “Радои Озодӣ”-ро муваққатан барқарор кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста